“Корвони китоб” дар шаҳри Панҷакент ва ноҳияи Айнӣ
Санаи 1- 2 майи соли ҷорӣ корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» бо мақсади дар амал татбиқ намудани банди 24-и “Барномаи давлатии рушди муассисаҳои фарҳангии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои солҳои 2021-2025”, ки бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон №115 аз 3 апрели соли 2021 тасдиқ гардидааст, ҳамзамон ҷиҳати иҷрои фармоиши вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ташкили сафари “Корвони китоб” дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд ба шаҳри Панҷакент ворид гардид. Дар ин бора аз ВАзорати фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.
Ҳайати кории сафаркунандагони “Корвони китоб” таҳти роҳбарии директори Корхонаи давлатии таъминот ва савдои «Китоб» Содиқи Завқӣ дар назди бинои Кохи Лоиқ Шералии шаҳри Панҷакент намоиши фурӯши китобро баргузор намуданд.
Дар ин ҳамоиш кормандони ҳамаи корхонаву муассисаҳо, муовини раиси шаҳр Парвина Нақибӣ, Суди шаҳр, мақомоти андоз, фарҳангу маориф иштирок намуда, китоб харидорӣ карданд.
Ба китобхонаи марказии шаҳр теъдоди 916 адад китобҳои тозанашр аз осори адибони классику муосир ва ҷаҳон, асарҳои назмиву насрии бадеӣ, илмӣ-оммавӣ, бачагона ба тариқи ройгон тақдим намуданд.
Ҳамчунин бахши фарҳанги шаҳри Панҷакент аз ҳисоби буҷети маҳаллӣ ба маблағи 4000 сомонӣ китобҳои гуногуни илмиву соҳавӣ ва бадеиро харидорӣ намуд.
Дар ноҳияи Айнӣ бошад пас аз намоиши фурӯши китоб 1010 нусха китоби ройгон ба аҳолӣ тақсим карда шуд.