Маъракаи даъвати шаҳрвандон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Тоҷикистон ба анҷом расид

Даъвати баҳории шаҳрвандони солҳои таваллуди 1996-2005-и Ҷумҳурии Тоҷикистон ба хизмати ҳатмии ҳарбӣ, ки дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз 1 марти соли равон давоми моҳҳои апрел ва майи соли ҷорӣ дар тамоми шаҳру навоҳии мамлакат идома дошт, ба анҷом расид, хабар медиҳад АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати мудофиа.

Бо оғоз гардидани ин маъракаи муҳими сиёсӣ масъулини комиссияҳои даъватии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ноҳияҳои ҳудуди минтақаи Рашт дар рӯзи нахустини даъват ва чаҳор навоҳии пойтахт то охири моҳи апрели соли равон маъракаро 100 фоиз анҷом доданд.

То 31 май вилоятҳои Суғду Хатлон ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ низ оид ба иҷрои маъракаи пешбинигардидаи даъват гузориш доданд.

Дар робита ба ин иттилоъ дода шуд, ки тайи солҳои охир пуррагардонии сафҳои ҷузъу томи Қувваҳои Мусаллаҳ ва дигар сохторҳои қудратии мамлакат аз ҳисоби ҷавонписарони матиниродаву ватандӯст, ки дар доираи талаботи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи уҳдадории ҳарбӣ ва хизмати ҳарбӣ» бо гирифтани аввалин даъватномаи комиссариатҳои ҳарбии шаҳру ноҳияҳо ихтиёран ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир мешаванд, хеле зиёд аст.

Вале бо вуҷуди пешравиҳои назаррас дар ин самт шаҳрвандоне низ  буданд, ки баъди гирифтани даъватномаи комиссариатҳои ҳарбӣ бе сабабҳои узрнок ба комиссияҳои даъватӣ ҳозир нашуданд. Дар айни ҳол рӯйхати онҳо тартиб дода шуда, ба мақомоти дахлдор ирсол карда шудааст ва нисбат ба чунин ҷавонписарон тадбирҳои қонунӣ андешида мешавад. 

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE