Шуъбаи сироятии Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода пас аз таъмир ба истифода дода шуд

2 май шуъбаи сироятии Беморхонаи марказии шаҳри Турсунзода пас аз таъмир бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин гардида, ба истифода дода шуд. Дар ин хусус дар маркази матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар маросими ифтитоҳи он роҳбарияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоӣ ва роҳбарияти шаҳри Турсунзода, шарикон оид ба рушд, роҳбарият ва кормандони соҳаи тандурустии шаҳр иштирок намуданд.

Гуфта шуд, ки бинои шуъбаи мазкур бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳамкорӣ бо шарикон оид ба рушд аз таъмир бароварда шуда, бо таҷҳизот ва лавозимоти тиббӣ таъмин карда шудааст.

Махсусан ҳуҷраҳои шуъба бо катҳои нав, таҷҳизоту лавозимоти зарурӣ ва хати оби нӯшокӣ таъмин гардидааст.

Зимни суҳбат бо кормандони шуъбаи мазкур таъкид гардид, ки пешгирии бемориҳои гуногун, хосатан бемориҳои сироятӣ дар маркази диққати давлат ва Ҳукумати мамлакат қарор дошта, дар ин самт пайваста тадбирҳои муҳиму саривақтӣ амалӣ карда мешавад.

Аз ҷумла, дар доираи чунин иқдом таъмир ва навсозии шуъбаҳои сироятии тамоми муассисаҳои тандурустии шаҳру навоҳии мамлакат бомаром идома дошта, аллакай дар ин самт корҳои зиёд ба анҷом расонида шудааст.

Аз кормандони шуъбаи мазкур даъват ба амал оварда шуд, ки бо истифода аз шароит ва имконияти мавҷуда баҳри таъмини солимии аҳолӣ боз ҳам кӯшиш намоянд.

АКС: Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE