Сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар Ҷумҳурии Қазоқистон ба анҷом расид
4 май сафари давлатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки рӯзҳои 3-4 май дар Ҷумҳурии Қазоқистон ҷараён дошт, ба анҷом расид.
Ёдовар мешавем, ки зимни ин сафари бобарори давлатӣ мулоқоту музокироти сатҳи олӣ, вохӯрии Сарвари давлат бо Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон ва дигар намояндагони воломақоми ин кишвар, Форуми соҳибкорӣ ва ҷаласаи сеюми Шӯрои кории Тоҷикистону Қазоқистон доир гардида, аз рӯи натиҷаҳои он дар маҷмуъ беш аз 60 санади нав ба имзо расид. Бояд гуфт, ки барои татбиқи ин ҳуҷҷатҳои муҳими ҳамкорӣ ҷалби зиёда аз 2,6 миллиард доллари амрикоӣ дар назар аст.
Аз ҷумла, дар шаҳри Остона дар доираи сафари давлатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати молияи Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ, байни Вазорати нақлиёти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати индустрия ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум «Дар бораи рушди байналмилалии нақлиёти заминӣ», байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати саноат ва рушди инфрасохтори Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум дар соҳаи саноат, байни Вазорати саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати рушди рақамӣ, инноватсия ва саноати аэрокайҳонии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум дар соҳаи рушди инноватсия, байни Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Вазорати экология ва захираҳои табиии Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум дар соҳаи ҳифзи муҳити зист, миёни Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷумҳурии Қазоқистон оид ба муқовимат ба коррупсия Ёддошти тафоҳуми ҳамкорӣ, байни Агентии содироти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷамъияти саҳомии «КазТрейд»-и Ҷумҳурии Қазоқистон Консепсия оид ба таъсиси Корхонаи муштараки «ТАҶ КАЗ ТРЕЙД», байни Академияи миллии илмҳои Тоҷикистон ва Академияи миллии илмҳои Ҷумҳурии Қазоқистон Созишнома дар бораи ҳамкорӣ, байни Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ва Ҷамъияти саҳомии ғайритиҷоратии «Телерадиокомплекси Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон» Ёддошти тафоҳум оид ба ҳамкорӣ ва байни ноҳияи Бобоҷон Ғафурови вилояти Суғд ва ноҳияи Мактаарали вилояти Туркистони Ҷумҳурии Қазоқистон Ёддошти тафоҳум дар бораи муносибатҳои бародарона ба имзо расид.
Дар фурудгоҳи байналмилалии «Нурсултон Назарбоев» Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро бо нишони баланди эҳтиром ва самимият Президенти Ҷумҳурии Қазоқистон муҳтарам Қосим-Жомарт Токаев гусел намуданд.
Нимаи дуюми рӯзи 4 май Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шаҳри Остонаи Ҷумҳурии Қазоқистон ба Ватан баргаштанд.