Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо дар Қатар 9 паҳлавон муаррифӣ мекунад
Аз 7 то 14 май дар шаҳри Давҳаи Қатар Чемпионати ҷаҳон оид ба гӯштини ҷудо баргузор мешавад, хабар медиҳад мухбири АМИТ «Ховар».
Тибқи низомнома, дар чемпионат варзишгароне ширкат карда метавонанд, ки дар раддабандии ҷаҳонӣ (нашри 3 апрел) дар 100-гона мавқеъ дошта бошанд.
Тоҷикистонро дар Чемпионати ҷаҳон Эмомалӣ Нуралӣ (-66кг), Шаҳбоз Саидаброров (-66кг), Беҳрӯз Хоҷазода (-73кг), Шодмон Ризоев (-81кг), Сомон Маҳмадбеков (-81кг), Комроншоҳ Устопириён (-90кг), Ҷаҳонгир Маҷидов (-90кг), Абубакри Акобир (-100кг) ва Темур Раҳимов (+100кг) намояндагӣ хоҳанд кард.
Қобили тазаккур аст, ки Чемпионати ҷаҳонии ҷудо-2023 дар доираи мусобиқоти сайри ҷаҳонии ҷудо баргузор мешавад. Ғолибону ҷоизадорони чемпионат бо ҷоизапулии арзишманд қадрдонӣ карда мешавад. Фонди ҷоизаҳои чемпионат 1 миллион евроро ташкил медиҳад. Дар сабқатҳои инфиродӣ ба ғолибон дар ҳамаи 14 вазн 26 000 евро, ба барандагони медали нуқра 15000 евро ва ба барандагони медали биринҷӣ 8000 евро тақдим мегардад. Дар рақобатҳои даставӣ барои ҷои якум 90 000 евро, барои ҷои дуюм 60000 евро ва барои ҷои сеюм 25000 евро пешбинӣ шудааст.
Ҳамчунин варзишгарон барои беҳтар кардани мавқеашон дар раддабандии ҷаҳонӣ ва олимпӣ соҳиби хол мешаванд. Аз ҷумла, ғолибон 2000 хол, барандагони ҷои дуюм 1400, ҷои сеюм 1000 хол ва ҳамин тавр барои иштирок 20 хол мегиранд.
АКС: Федератсияи ҷудои Тоҷикистон