Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба фурӯш мебарорад
Бонки миллии Тоҷикистон тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба фурӯш баровард. Ба фурӯш баровардани тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ бо мақсади таъмини талаботи нумизматӣ ва коллексионии аҳолӣ ба роҳ монда мешавад. Дар ин хусус дар Бонки миллии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Хоҳишмандон метавонанд барои харидории тангаҳои хотиравӣ ва ҷашнӣ ба нишонии шаҳри Душанбе, хиёбони Рӯдакӣ 23/2, хазинаи марказии Бонки миллии Тоҷикистон бо рақами телефони (44) 600-31-21 муроҷиат намоянд.
Ҳамзамон шаҳрвандон имкон доранд, ки ҷиҳати харидории тангаҳои хотиравӣ ба шуъбаҳои минтақавии Бонки миллии Тоҷикистон дар шаҳрҳои Хоруғ, Хуҷанд, Бохтар, Кӯлоб ва шаҳраки Ғарм муроҷиат намоянд.
Маълумоти бештарро шаҳрвандон метавонанд аз сомонаи Бонки миллии Тоҷикистон дастрас намоянд.
АКС: Бонки миллии Тоҷикистон