Масъалаҳои рӯзномаи Созмони ҳамкории Шанхай бо таваҷҷуҳ ба пешбурди ташаббусу пешниҳодҳои Тоҷикистон баррасӣ гардид

5 май дар шаҳри Панаҷии Ҳиндустон дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо Дабири кулли СҲШ Чжан Минг баргузор гардид. Дар ин хусус дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Мусоҳибон оид ба масъалаҳои рӯзномаи СҲШ бо таваҷҷуҳ ба пешбурди ташаббусу пешниҳодҳои Тоҷикистон дар чаҳорчӯби созмон табодули назар карданд.

Дабири кулл ба ҷониби Тоҷикистон барои дастгирии устувор ва саъю кӯшиши он ба ҳайси роҳбари мақомоти маъмурии СҲШ изҳори сипос намуд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE