Суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 81-уми Маҷмаи Умумии СММ…
Суханронӣ дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 81-уми Маҷмаи Умумии СММ
26 сентябри соли 2026 вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин дар Мубоҳисаҳои умумии иҷлоси 81-уми Маҷмаи Умумии Созмони Милали Муттаҳид суханронӣ кард.
Вазири корҳои хориҷӣ аҳаммияти таҳкими сулҳу субот, бисёрҷонибагароӣ ва нақши марказии Созмони Милали Муттаҳидро дар ҳалли мушкилоти глобалӣ таъкид намуда, дар ин росто аз ташаббуси навбатии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон оид ба Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда, 2027-2036 ёдовар шуд. Дар ин росто зикр гардид, ки соли 2027 Тоҷикистон дар ҳамкорӣ бо Иттиҳоди тамаддунҳои СММ, Дафтари СММ оид ба корҳои ҷавонон, дигар сохторҳои марбутаи СММ ва шарикони байналмилалӣ Конфронси байналмилалии сатҳи баландро бахшида ба оғози Даҳсолаи байналмилалии таҳкими сулҳ ба хотири наслҳои оянда баргузор менамояд.

