Пешбурд ва тақвияти «Дипломатияи обии Тоҷикистон» ба манфиати тамоми башарият аст

Тавре қаблан хабар додем, 11 май бо ибтикори Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Туркия дар ҳошияи солгарди 31-уми барқарор шудани муносибатҳои дипломатии байнидавлатӣ дар Институти афкори стратегии Туркия дар мавзуи «Дипломатияи обии Тоҷикистон» ҳамоиш баргузор гардид.

Дар ҳамоиш директори Маркази тадқиқоти стратегии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Хайриддин Усмонзода дар мавзуи «Нақши ташаббусҳои глобалии Пешвои миллат дар ҳалли масъалаҳои марбут ба об ва тағйироти иқлим»  ба таври маҷозӣ (онлайнӣ) суханронӣ намуд.

Иброз гардид, ки воқеияти ҷаҳони муосир ва афзоиши мушкилоти вобаста ба обу тағйири иқлим собит намуда истодааст, ки масъалаи дастрасӣ ба об ва идоракунии самараноки муҳити солими ҳаётгузаронии башарият дар даҳсолаи оянда ба мушкилоти зиёде рӯ ба рӯ аст. Тайи ду даҳсолаи охир мамлакати мо бо сарварии Президенти Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муаллифи чор ташаббуси бузурге гардид, ки дар сатҳи ҷаҳонӣ амалӣ шуда истодаанд: «Соли байналмилалии оби тоза, 2003», Даҳсолаи байналмилалии амалиёт «Об барои ҳаёт, 2005-2015», «Соли байналмилалии ҳамкорӣ дар соҳаи об, 2013» ва  эълони Даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои рушди устувор, 2018-2028», ки 21 декабри соли 2016 Маҷмаи Умумии СММ Қатъномаи A/RES/71/222-ро бо ҳаммуаллифии 177 кишвари аъзои СММ қабул намуд.

Ба гуфтаи Хайриддин Усмонзода, бо назардошти тағйирёбии иқлим ва обшавии пиряхҳо, ки манбаи асосии захираи оби ошомиданӣ дар сайёра мебошанд, ташаббуси дигари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон оид ба эълон намудани соли 2025 Соли байналмилалии ҳифзи пиряхҳо ва таъсиси Бунёди махсуси байналмилалии ҳифзи пиряхҳо аз саҳми бузурги ҷумҳурии мо дар ҳалли мушкилоти глобалӣ мебошад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE