Баҳодур Усмонов сазовори медали биринҷии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд гардид

Варзишгари тоҷик Баҳодур Усмонов дар Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс дар Тошканд сазовори медали биринҷӣ гардид.

12 май Баҳодур Усмонов дар вазни 63,5 кг дар даври нимниҳоии Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс аз Чинзориг Баатарсух аз  Муғулистон бо ҳисоби 1 бар 4 мағлуб шуд.

Ёдовар мешавем, ки имрӯз Баҳодур Усмонов ба Тоҷикистон пас аз 12 сол аз Чемпионати ҷаҳон оид ба бокс медал меорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE