Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов суҳбати телефонӣ анҷом доданд

15 май суҳбати телефонии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо Пешвои миллии мардуми Туркманистон, Раиси Халқ Маслахати Туркманистон Гурбонгулӣ Бердимуҳамедов доир гардид.

Дар рафти суҳбат тамоми маҷмуи масъалаҳои ҳамкории дуҷониба, натиҷаҳои сафари давлатии Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон, вазъи имрӯзаи минтақавӣ ва ҷаҳонӣ мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

Ҷонибҳо зимни суҳбати телефонӣ масъалаҳои омодагӣ ба чорабиниҳои сатҳи олии минтақавӣ, аз ҷумла саммитҳои Вохӯрии машваратии сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Бунёди байналмилалии наҷоти Аралро, ки моҳи сентябри соли 2023 дар шаҳри Душанбе баргузор мегарданд, муҳокима намуданд.

Дар ҷараёни суҳбат ҳамчунин оид ба дигар мавзуъҳои мавриди таваҷҷуҳ андешаронӣ анҷом дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE