Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон аз ҷараёни сохтмони манзилҳои истиқоматии зарардидагон дар ноҳияи Вахш боздид намуданд

15 июн Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар идомаи сафари корӣ дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Хатлон, ба ноҳияи Вахш ташриф оварданд.

Ҳадафи сафари Сарвари давлат ба ноҳияи Вахш шиносоӣ бо ҷараёни корҳои сохтмонӣ ва барқарорсозии оқибатҳои офати табиӣ дар минтақаҳои зарардидаи ноҳия мебошад.

Боздиди Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз мавзеъҳои осебдидаи деҳаи Иттифоқи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” оғоз шуд. Сарвари давлат аз рафти корҳои бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва ҷараёни корҳои сохтмонии хонаҳои истиқоматии оилаҳои зарардида шинос шуда, бо сокинон суҳбату мулоқоти озоду самимӣ анҷом доданд.

Ёдовар мешавем, ки субҳи 11 майи соли 2021 бар асари боридани боронҳои бошиддати пай дар пай ва омадани сел, ба хоҷагиҳои ноҳияи Вахш, аз ҷумла деҳоти “Машъал”, “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон” ва “Ваҳдат” хисороти калони иқтисодӣ расида, дар натиҷа 41 манзили истиқоматӣ пурра, 33 хона қисман, 130 иншооти ёрирасони хоҷагиҳо, 8 адад пул, 10 километр роҳҳои автомобилгард ва майдони 1933 гектар зироатҳои кишоварзӣ хароб гардид. Мутаассифона ин ҳодиса боиси як талафоти ҷонӣ шуд. Маҷмӯан, зарари умумии расонидаи офати табиӣ 22 миллиону 711 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Зимни мулоқоту суҳбат бо мардуми зарардида Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз аҳолӣ даъват намуданд, ки ҳеҷ гоҳ рӯҳафтода набошанд ва онҳоро бовар кунонданд, ки то моҳи сентябри соли равон тамоми хонаҳои вайроншуда пурра барқарор карда мешаванд. Ҳамчунин вазорату идораҳо ва сохторҳои марбута, ки дар барқарорсозии манзилҳои истиқоматии шаҳрвандони осебдида ва бартараф намудани офати табиӣ масъул шудаанд, муваззаф гардиданд, ки ҷараёни корҳои сохтмониро зери назорати қатъӣ қарор дода, ҳар ҳафта ба Роҳбари давлат аз натиҷаи он ҳисобот пешниҳод намоянд.

Мавриди зикр аст, ки бо мақсади бартарафсозии оқибатҳои офати табиӣ ва азнавсозии хонаҳои истиқоматӣ, аз ҷониби Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста ғамхориҳо зоҳир гардида, ҷараёни корҳои бунёдкориву ободонӣ зери таваҷҷуҳи бевоситаи Сарвари давлат қарор доранд.

Аз ин амалҳои башардӯстонаи роҳбарияти олии кишвар, мардуми зарардидаи деҳоти “20 — солагии Истиқлоли Тоҷикистон”, “Ваҳдат” ва “Машъал”-и ноҳияи Вахш изҳори хушнудӣ намуда, ҷиҳати дастгирӣ ва расонидани кӯмакҳои инсондӯстона ба Пешвои миллат изҳори сипосу миннатдорӣ баён намуданд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE