ФУТЗАЛ. «Соро компания» барандаи секаратаи Суперҷоми Тоҷикистон гардид

«Соро компания»-и Душанбе соли сеюм ва пайи ҳам барандаи Суперҷоми Тоҷикистон оид ба футзал шуд. Дар ин хусус дар Федератсияи футболи Тоҷикистон хабар доданд.

Ин дафъа шогирдони Пайрав Воҳидов бар дорандаи медали нуқраи Суперлигаи Тоҷикистон- дастаи «Истиқлол» бо ҳисоби 3:2 пирӯз шуданд.

Бозӣ барои Суперҷоми Тоҷикистон-2023 оид ба футзал 13 май дар маҷмааи варзишии Кумитаи андози назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, воқеъ дар шаҳри Душанбе баргузор шуд.

Голҳоро аз ҳайати «Соро компания» легионерҳои эронӣ Муҳаммад Герованд ва Муҳсин Муҳаммадзода, инчунин Дилшод Саломов ба нишон расониданд. Аз ҳайати «Истиқлол» Комрон Алиев ва Насратшо Исмоилов тӯбро ба ҳадаф расониданд.

Беҳтарин дарвозабони бозии Суперҷом дарвозабони эронии «Соро компания» Маҳдӣ Мустафоӣ дониста шуд. Ҷоизаи «Fair Play» ба бозигари «Истиқлол» Комрон Алиев тақдим гардид. Беҳтарин бозигари вохӯрӣ ҳимоятгари «Соро компания» Дилшод Саломов эътироф шуд.

АКС: Федератсияи футболи Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE