Филми ҳунарии «Дов» дар ҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи Русия соҳиби ду ҷоиза гардид
Филми «Дов»-и коргардони тоҷик дар ҷашнвораи байналмилалии Чебоксарияи Федератсияи Русия соҳиби ду ҷоизаи навбатӣ- «Таваҷҷуҳи тамошобин» ва «Беҳтарин ансамбли актёрӣ» гардид. Дар ин хусус коргардони филми мазкур Муҳиддини Музаффар ба АМИТ «Ховар» хабар дод.
Ба иттилои ӯ, ин филм дили тамошобинони ин ҷашнвораро тасхир кард ва санъати баланди ҳунармандони касбии кинои тоҷик, аз ҷумла Абдумӯмин Шарифӣ, Салоҳиддин Шукуров, Исфандиёр Ғуломов, Фируза Раҳмонова, Мавлона Наҷмидинова, Аҳмади Қутбиддин, Аъзами Розиқ, Хушрӯзҷон Эргашев ва дигарон дар сатҳи байналмилалӣ пазируфта шуд.
Бояд гуфт, ки филмноманавис Бахтиёр Каримов буда, он дар Муассисаи давлатии «Суғдсинамо» ба номи Комил Ёрматов ва Муассисаи давлатии «Тоҷикфилм» таҳия шудааст.
Ин филм соли 2022 дар якчанд намоиши байналмилалӣ низ иштирок намуда буд. Инчунин дар аввалин Синамоҷоизаи миллии Тоҷикистон иштирок карда, соҳиби ду ҷоиза- «Беҳтарин филм» ва «Беҳтарин нақши мардона» гардид.
АКС аз Муҳиддини Музаффар