Вохӯрии cафири Тоҷикистон бо ҳокими шаҳри Остона

8 июли соли 2025 вохӯрии сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Қазоқистон Хайрулло Ибодзода бо ҳокими шаҳри Остона Женис Касимбек баргузор гардид. Дар ин бора Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад.

Зимни мулоқот ҷонибҳо рушду тавсеаи ҳамкориҳои дуҷониба, аз ҷумла дар бахшҳои иқтисодӣ, энергетика ва рушди муносибатҳои байниминтақавиро муҳокима намуданд.

Инчунин масъалаҳои марбут ба рафти сохтмони бинои нави Сафорати Тоҷикистон дар шаҳри Остона, инчунин омодагӣ ва баргузории Намоишгоҳи молу маҳсулоти кишоварзӣ ва саноатии Тоҷикистон дар пойтахти Қазоқистон баррасӣ гардиданд.

АКС: Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE