Корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор» идома доранд

Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Далер Ҷумъа бо корҳои сохтмонӣ дар Неругоҳи барқи обии «Себзор», ки дар ноҳияи Роштқалъа бунёд карда мешавад, шинос шуд.   Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Вазорати энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон  хабар медиҳад.

Иттилоъ дода шуд, ки кор дар зеристгоҳи 110/35/6 кВ «Себзор» дар охири моҳи майи соли равон  пурра анҷом ёфт. Ҳамзамон интиқол ва корҳои насби таҷҳизот низ ба охир расида, мутахассисон дар бинои асосии неругоҳ, дар минтақаи сарбанд, бинои зеристгоҳ ва пули асосӣ кор мекунанд. Дар ҳоли ҳозир мутахассисон корҳои заминканӣ дар минтақаи сарбанд ва лӯлаи обро анҷом дода, корҳои заминканӣ дар бинои асосии неругоҳ ба анҷом расониданд ва ба рехтани бетон шурӯъ намудаанд.

Ҳамчунин дар охири моҳи апрели соли 2023 корҳои поксозии нишебиҳои қад-қади роҳ аз мавзеи сарбанд то бинои неругоҳ оғоз шуда, то имрӯз аксари корҳо анҷом ёфтаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE