МУНТАХАБИ ОЛИМПИИ ТОҶИКИСТОН (U-23) БО ДАСТАИ ҲОНГКОНГ (U-23) БОЗИРО МУСОВӢ КАРД

Мунтахаби олимпии Тоҷикистон (U-23) дар доираи омодагӣ ба марҳилаи интихобии Ҷоми Осиё-2024 таҳти роҳбарии Мубин Эргашев бо тими Ҳонконг бозии дӯстона анҷом дод.Вохӯрӣ дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода баргузор шуда, бо ҳисоби 1:1 ба анҷом расид. Ҳисобро дар дақиқаи 67-ум Шуҳрат Элмуродов боз кард. Дар ин бора аз Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ доданд. Мунтахаби Ҳонгконг тавонист дар дақиқаҳои иловагӣ аз бохт наҷот ёбад. Слэттери Мэттю Люк ба задани гол мушарраф шуд.Қобили зикр аст, ки рӯзи 19-уми июн тимҳои олимпии Тоҷикистон ва Ҳонгконг дар варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена»-и шаҳри Турсунзода бозии дӯстонаи дуюмро баргузор мекунанд. Вохӯрӣ соати 17:30 оғоз мешавад.Бозии дӯстонаТОҶИКИСТОН (U-23) – Ҳонконг (U-23) – 1:1Голҳо: Шуҳрат Элмуродов, 67 (1:0). Слэттери Мэтю Лук, 90+2 (1:1).Тоҷикистон (U-23): Суҳробхӯҷа Юсупов, Раҳматшо Раҳматзода (Ҳайдар Сатторов, 86), Алиҷон Кароматуллозода, Шоҳрух Сангов, Азизбек Ҳаитов (Аббос Андалибов, 83), Алишер Шукуров (Азизбек Далиев, 64, Исроил Холов, 83), Шуҳрат Элмуродов, Фатҳулло Олимзода (Далер Шарипов, 46), Амадонӣ Камолов, Рустам Соиров (Аминҷон Эргашев, 83), Шаҳром Самиев (Абдулфаттоҳ Худойдодзода, 83).Аз майдон ронда шуд: Абдулфаттоҳ Худойдодзода (Тоҷикистон), 90+3 – 2-юм.Довари марказӣ: Сайёдҷон Зайниддинов (Тоҷикистон).15 июн. Турсунзода. Варзишгоҳи «ТАЛКО-Арена». 1000 тамошобин.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE