Душанбе бори аввал мизбони мусобиқаи «Grand Prix» оид ба дзюдо мегардад

Бо ташаббус ва  дастгирии Раиси шаҳри Душанбе  муҳтарам  Рустами Эмомалӣ дар ҳамкорӣ бо Федератсияи байналмилалии дзюдо соли оянда баргузории мусобиқаи «Grand Prix Dushanbe, 2023-2026″ дар шаҳри Душанбе ба нақша гирифта шудааст. Дар ин бора бо истинод ба саҳифаи фейсбукии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Душанбе хабар медиҳад.

Тибқи иттилои манбаъ, рӯзҳои наздик гуфтушунид ва тасвиби шартнома ҷиҳати баргузории мусобиқа дар назар дошта шудааст.  Аллакай корҳо барои  баргузории ин мусобиқаи ҷаҳонии дзюдо  оғоз шудаанд.

Дзюдо яке аз намудҳои дӯстдоштании варзиш миёни мардуми тоҷик ба шумор рафта, ҳоло дар қаламрави кишвар дар марҳилаи нави инкишоф қарор дорад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE