РАҚИБОНИ МУНТАХАБИ НАВРАСОНИ ТОҶИКИСТОН (U-17) БАРОИ БОЗИҲОИ САНҶИШӢ МУАЙЯН ШУДАНД
Рақибони мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) дар бозиҳои санҷишӣ дар доираи ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия муайян шуданд. Дар ин бора Федератсияи футболи Тоҷикистон иттилоъ дод.
Пагоҳ, 15-уми январ дастаи Марко Раҷини нахустин бозии санҷишии худро дар ҷамъомади тамринии Анталия бо тими «Манавгат Беледиеспор»-и Туркия (U-19) баргузор мекунад. 17 январ дастаи наврасони мо бо тими «Шахтёр»-и Украина (U-19) рақобат менамояд. Рақиби сеюми мунтахаби наврасони Тоҷикистон тими наврасони Кувайт (U-17) хоҳад буд. Ин дидор рӯзи 21 январ баргузор мешавад. Дар бозии ниҳоии санҷишӣ дар ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия 23 январ наврасони мо бо дастаи «Краснодар» (U-17) қувваозмоӣ мекунанд.
Бояд гуфт, ки ҷамъомади таълимиву тамринӣ дар Туркия яке аз марҳилаҳои омодагии мунтахаби наврасони Тоҷикистон (U-17) ба Ҷоми Осиё-2025 мебошад, ки аз 3 то 20 апрел дар Арабистони Саудӣ баргузор мешавад.
акс: Федератсияи футболи Тоҷикистон