Дар Агентии хизмати давлатӣ бо хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар Ҷопон вохӯрии маҷозӣ доир гардид
Дар Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон вохӯрии маҷозӣ бо хизматчиёни давлатии Тоҷикистон, ки айни замон дар зинаи магистратура ва докторантураи донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон таҳсил менамоянд, баргузор гардид. Дар ин хусус дар Агентии мазкур хабар доданд.
Вохӯрии маҷозии мазкур бо гурўҳи 13 ва 14-и стипендиатони «Лоиҳаи пешниҳоди бурсияҳои таҳсилӣ барои рушди захираҳои инсонӣ», ки дар асоси Созишномаи грантӣ байни Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Агентии Ҷопон оид ба ҳамкории байналмилалӣ дар Ҷопон аз соли 2020 таҳсил доранд, ташкил гардид.
Зимни вохӯрӣ талаботи меъёрии ҳуқуқии шартномаи сеҷониба, саривақт аз худ намудани кредитҳои таълимӣ, навиштани рисолаи илмии таҳқиқотӣ ва ҷамъбасти он, хатми муваффақонаи таҳсил дар зинаи магистратура ва докторантураи Донишгоҳи Осиё ва Уқёнуси Ороми Ритсумейкан, Донишгоҳи байналмилалии Ҷопон, Донишгоҳи Хиросима ва Донишгоҳи Акитаи Ҷопон шарҳу тавзеҳ дода шуд.
Ҳамзамон вобаста ба шароити будубоши хизматчиёни давлатӣ, иштироки онҳо дар чорабиниҳои байналмилалӣ, тарғиби фарҳангу таърихи миллӣ, имкониятҳои таҳсил ва табодули таҷриба бо хизматчиёни давлатии Ҷопон изҳори назар карда шуд.
Хизматчиёни давлатии Тоҷикистон дар Ҷопон зимни вохӯрӣ миннатдории худро барои таъмини таҳсили хизматчиёни давлатӣ дар хориҷи мамлакат, маҳфуз нигоҳ доштани ҷойи корӣ дар мақомоти давлатӣ дар давраи таҳсил ва пайваста зери таваҷҷуҳи мақомоти ваколатдори соҳаи хизмати давлатӣ қарор доштанашон ба Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон баён доштанд.
Онҳо изҳор намуданд, ки бо сари баланд зинаи таҳсилро дар донишгоҳҳои бонуфузи Ҷопон хатм намуда, барои пешрафти давлат ва соҳаҳои фаъолияташон ҳамчун мутахассиси сатҳи байналмилалӣ саҳми муносиби худро мегузоранд.
АКС: Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон