Дар Форуми соҳибкории G5 беш аз 650 нафар соҳибкорони ватанӣ иштирок намуданд

 Дар шаҳри Хуҷанд дар ҳошияи 9-умин Намоишгоҳи байналмилалии савдо – «Суғд -2023», Форуми соҳибкории G5 бо иштироки зиёда аз 650 нафар соҳибкорони ватанӣ, намояндагони вазорату идораҳо, бахши хусусӣ, сармоягузорон ва шарикони рушд баргузор гардид. Дар ин хусус Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд хабар доданд.

Зимни ифтитоҳи расмии Форум роҳбарияти Кумитаи давлатии сармоягузорӣ ва идораи амволи давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва намояндагони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд таъкид намуданд, ки ҳадаф аз баргузории ин ҳамоиш баланд бардоштани нерӯ, ҳавасманд кардани ҷавонон ба фаъолияти соҳибкориву сармоягузорӣ, тақвияти афкор ва васеъ намудани маълумотнокии иштирокчиён, рушди соҳибкорӣ байни ҷавонон, татбиқи лоиҳаҳои инноватсионӣ, таъмини муколамаи муфид миёни соҳибкорон ва мақомоти давлатӣ мебошад.

Ҳамоиши сатҳи баланд аз ҷониби Муассисаи давлатии «Ташаккул ва рушди соҳибкории Тоҷикистон» дар ҳамкорӣ бо Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Суғд доир шуда, соҳибкорони муваффақ вобаста ба мавзуъҳои мубрами фаъолияти соҳибкорӣ ва инчунин таҷрибаву пешрафти кори худ табодули афкор намуданд.

Дар қисмати дигари Форум панели мубоҳисавӣ дар мавзӯи «Афзалияти рушди соҳибкорӣ дар Тоҷикистон» роҳандозӣ гардид, ки ба соҳибкорон дар роҳи тақвият, ҷалб ва дастрас намудани маълумоти муфид имконияти муосид маҳсуб меёбад.

Бояд гуфт, ки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон пайваста дар ҳама баромаду суханрониҳои худ ҷиҳати дастгирии соҳибкорӣ, махсусан соҳибкории хурду миёна ва амалигардонии стартапҳо дар мамлакат таъкид менамоянд.

Иброз гардид, ки таъсиси грантҳои Президентӣ, қабул ва татбиқи ҳамаҷонибаи барномаҳои гуногуни дастгирии давлатии соҳибкорӣ, Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти соҳибкорӣ» ва дигар санадҳои амалкунанда ба рушди соҳа замина гузошт.

Баргузории чунин Форумҳо метавонад дар ҳавасманд гардонидани соҳибкорони навкор, пайдо кардани шарикони нави тиҷоратӣ, муколамаи мақсадҳои тиҷоратӣ ва ба роҳ мондани ҳамкорӣ миёни соҳибкорон мусоидат намояд.

АКС: Хадамоти матбуоти Раиси вилояти Суғд

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE