Дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ифтитоҳ ёфт

 Бо дастгирии Ҳукумати мамлакат дар Донишгоҳи миллии Тоҷикистон Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат ба фаъолият оғоз намуд. Дар ин бора декани факултаи журналистикаи ДМТ Бахтиёр Қутбиддин хабар дод.

Маркази илмӣ-таҳқиқотии Пешвои миллат омӯзиши мактаби давлатдории Пешвои миллат низ ба ҳисоб рафта, акнун дар даҳҳо самт — таърих, сиёсатшиносӣ, дипломатия, ҳуқуқ, публитсистика, адабиёт ва ғайра  масъалаҳои гуногун  таҳқиқ мегарданд.

Дар ҳошияи ифтитоҳи маркази мазкур таҳти унвони «Пешво — бунёдгузори давлатдории навини миллӣ» конфронси ҷумҳуриявӣ баргузор гардид, ки дар он Ёрдамчии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба масъалаҳои рушди иҷтимоӣ ва робита бо ҷомеа Эмомалӣ Насриддинзода, муовини аввали Вазири маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷамшед Ҷуразода, Ректори донишгоҳ Қобилҷон Хушвахтзода ва устодону донишҷӯён иштирок намуданд.

Таъкид гардид, ки дар ҳақиқат ҳам хизматҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди халқи тоҷик бузургу беназиранд.

Ҳоло дар маркази мазкур зиёда аз 600 асар дар бораи корномаҳои Пешвои миллат фароҳам оварда шудаанд.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE