Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба ҳузур пазируфтанд
Имрӯз Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон муовини Сарвазир ва Вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳро ба ҳузур пазируфтанд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо вазъ ва дурнамои ҳамкории дуҷониба ва бисёрҷонибаи ду давлатро дар соҳаҳои мавриди таваҷҷуҳ баррасӣ намуданд.
Чуноне Сарвари давлати мо таъкид намуданд, ҷониби Тоҷикистон дар сиёсати хориҷии худ ба таҳкиму тавсеаи робитаҳои дӯстӣ ва ҳамкории судманд бо Кувайт аҳамияти пайваста зоҳир менамояд ва ин давлатро дар арсаи байналмилалӣ шарики муҳими худ медонад.
Ҷонибҳо аз раванди рушду тавсеаи ҳамкории байнидавлатӣ бо такя ба усулҳои эътимод ва ҳусни тафоҳум, фазои мусоиди ҳамкорӣ ва заминаи боэътимоди шартномавию ҳуқуқӣ изҳори қаноатмандӣ намуданд.
Дар ин зимн алоқамандии ҷониби Тоҷикистон ҷиҳати тавсеаи доираи ҳамёрӣ бо Кувайт дар миқёси сиёсӣ, соҳаҳои иқтисодиву иҷтимоӣ, башарӣ, амният ва дигар арсаҳои мавриди манфиати тарафҳо мавриди таъкид қарор гирифт.
Ду давлат ба рушду таҳкими ҳамкории дуҷониба дар таъмини амнияту субот таваҷҷуҳи хосса зоҳир намуданд.
Сарвари давлати мо аз ҳалли мусолиматомези масоили амниятӣ дар минтақа ва ҷаҳон ҷонибдорӣ намуда, нақши Кувайтро дар ин ҷода созанда хонданд.
Зимни мулоқот дар робита ба масоили дигари мубрами ҷаҳони муосир, аз ҷумла вазъ дар Афғонистон табодули афкор анчом дода шуд.
Тавсеаи бештари ҳамкории пурсамари ду давлат дар доираи созмонҳои бонуфузи байналмилалӣ ва минтақавӣ, бахусус Созмони Милали Муттаҳид ва Созмони ҳамкории исломӣ ба мақсад мувофиқ дониста шуд.
Пешвои миллат идомаи муколамаи сиёсиро дар сатҳи олӣ ва баланд дар роҳи дастрасӣ ба ин ҳадафҳо аз василаҳои муассир донистанд.