Дар Душанбе Форум оид ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ баргузор мегардад
Аз 3 то 7 июли соли равон дар шаҳри Душанбе Форуми байналмилалии инвеститсионӣ доир ба татбиқи «Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ», инчунин семинари минтақавӣ оид ба маблағгузории иқлимӣ барои давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Қафқози Ҷанубӣ баргузор мегардад.
Тавре Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ медиҳад, ин чорабиниҳо дар ҳамкорӣ бо шарикии Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншуда (NDC Partnership) ва Котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим баргузор карда мешаванд.
Интизор меравад, ки дар ин чорабиниҳо роҳбарият ва намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва минтақавӣ, шарикони рушд, мақомоти ҳифзи муҳити зисти давлатҳои минтақаи Қафқоз ва Осиёи Марказӣ, Котиботи Конвенсияи қолабии Созмони Милали Муттаҳид оид ба тағйирёбии иқлим, инчунин вазорату идораҳои марбутаи ҷумҳурӣ ва бахши хусусӣ иштирок намоянд.
Дар Форум Нақшаи молиявии татбиқи Саҳми дар сатҳи миллӣ муайяншудаи Тоҷикистон оид ба коҳиш додани ихроҷи газҳои гулхонаӣ, ки бо кумаки техникии Бонки Осиёгии рушд таҳия гардидааст, муаррифӣ мегардад.
АКС аз манбаъҳои боз