Пагоҳ Саммити навбатии Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли онлайн доир мегардад

Пагоҳ 23-умин саммити Шӯрои сарони давлатҳои Созмони ҳамкории Шанхай дар шакли онлайн доир карда мешавад. Дар ин хусус Вазорати корҳои хориҷии Ҳиндустон хабар медиҳад.

Саммити мазкур таҳти раёсати Ҳиндустон бори аввал баргузор мегардад. Барои иштирок дар он ҳамаи давлатҳои аъзои созмон, аз ҷумла Чин, Русия, Қазоқистон, Қирғизистон, Покистон, Тоҷикистон, Узбекистон ва Эрон даъват шудаанд.

Ҳамчунин Беларус ва Муғулистон ба ҳайси давлати нозир ва Туркманистон ба сифати меҳмон даъват гардидаанд.

Дар саммит роҳбарони ду ниҳоди Созмони ҳамкории Шанхай — котибот ва сохтори минтақавии зиддитеррористӣ, инчунин роҳбарони шаш созмони байналмилалӣ ва минтақавӣ, аз қабили Созмони Милали Муттаҳид, Ассотсиатсияи давлатҳои Ҷанубу Шарқии Осиё (АСЕАН), Идтиҳоди Давлатҳои Мустақил, Созмони Аҳдномаи амнияти дастҷамъӣ, Иттиҳоди иқтисодии Авруосиё ва Машварати ҳамкорӣ ва тадбирҳои боварӣ дар Осиё иштирок хоҳанд намуд.

Ёдовар мешавем, ки Саммити қаблии Созмони ҳамкории Шанхай моҳи сентябри соли 2022 дар шаҳри Самарқанд доир гардида буд. Аз рӯи натиҷаҳои он сарони давлатҳо ёддошти уҳдадории Эронро дар робита ба шомилшавии он ба созмон ба имзо расониданд ва ҳамзамон раванди ба узвият пазируфтани Беларус оғоз гардид.

АКС аз манбаъҳои боз

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE