Сӯхтори ҷангалзор Испания, Италия ва Юнонро фаро гирифтааст

Бар асари гаримии аз меъёр зиёд дар Испания, Италия ва Юнон сӯхтори ҷангалзорҳоро ба миён омад. Дар натиҷа хонаҳои истиқоматии сокинон ба коми оташ рафта, сӯхта нобут шуданд ва  ҳазорон нафар бе сарпаноҳ монда ба ҷойҳои амн кучонида шуданд. Дар ин бора хабаргузории Euronews иттилоъ медиҳад.

Дар Юнон шамоли сахт ба кори сӯхторхомушкунон монеъ эҷод мекунад.

Се шаҳрак ва як истироҳатгоҳи тобистона, ки беш аз 900 кӯдакро дар бар мегирад, ба пуррагӣ кучонида шуданд.Полиси Юнон  як нафарро бо гумони оташзании ҷангал айбдор дониста, боздошт кардааст.

Гуфта мешавад, ки аввал сӯхтор дар Куварас 50-километр дур аз ҷанубу шарқи Афина оғоз ёфтааст. 

Юнон, ҳамроҳ бо Италия ва Испания, аз ҳафтаи гузашта ба ин мавҷи гармо гирифтор шуда, ҳарорати ҳаво дар маркази ин кишвар ба 44 дараҷа расидааст.

Дар Испания бошад оташе, ки рӯзи шанбе дар ҷазираи Ла-Палма сар зад, тадриҷан аз ҷониби оташфишонон хомӯш мешавад, вале  ҳанӯз чанд қисмати он дар алангаи оташ қарор дорад. Мақомоти Испания тахмин мезанад, ки ҳудуди 3500 гектар ва 20 бино сӯхта нобут шудаанд.  Вале пас аз хомуш кардани қисмати оташ дар ҷангалзорҳои ин кишвар 4000 нафар ба хонаҳои худ баргаштанд.

Мавҷи гармӣ ва хатари сӯхтор ба Италия низ расидааст, ки дар ин рӯзҳо ҳарорати ҳаво аз 40 дараҷа гармтар арзёбӣ мешавад. Дар фурудгоҳи Катанияи Исталия низ сухтор сар задааст. Полиси ин кишвар пайдоиши сӯхторро дар фурудгоҳ  таҳқиқ мекунад. 

Обуҳавошиносон пешгӯӣ мекунад, ки Британия низ метавонад ба мавҷи гармие дар бештаре  аз кишварҳои Аврупора фаро гирифтааст, рӯ ба рӯ шавад.

Тақрибан дар ҳамин давраи соли гузашта гармтарин ҳарорат дар Британия 40 дараҷа сабт шуда буд.

Боиси нигаронист, ки Аврупоро ин гармӣ то моҳҳои август  фаро гирифта, ҳарорати ҳаво то 40 дараҷа ва зиёда аз он боқӣ мемонанд. Ин равад метавонад, дар Аврупо ба авҷ гирифтани сухтори ҷангалзорҳо боис гардида, ҳатто ба хонаҳои истиқоматии сокинон низ  таҳдид намояд.

Султонализода Ёқубҷон

Садои Душанбе

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE