КҲФ: Хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад!

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносси кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 6 – 7 июли соли 2023 дар як қатор ноҳияҳои ғарбии Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон, ҳамчунин ноҳияҳои кӯҳии тобеъи ҷумҳурӣ ва вилояти Суғд хатари омадани селҳо бар асари об шудани пиряхҳо боқӣ мемонад.

Дар ҳамин иртибот Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз аҳолӣ хоҳиш мекунад дар чунин рӯзҳо басо эҳтиёткор бошанд, ҷӯву каналҳо ва селроҳаҳро сари вақт тоза кунанд, то агар сел ҳам омад, ба маҷрои худ равад ва ба хонаву таҳхонаву киштзорҳо ворид нашавад.

Дар чунин рӯзҳо худдорӣ аз ҷамъоварии рустаниҳои дорувор, ҷамъоварии ҳезум, чорвочаронӣ ва шикор дар баландкӯҳҳо ба манфиат аст. 

Ронандагон ҳангоми ҳаракат дар роҳҳои кӯҳӣ қоидаҳои бехатариро риоя кунанд, боло бурдани суръати ҳаракат ва риоя накардани масофаи миёни мошинҳо аз омилҳои ҳодисаҳои нохушанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE