Пешвои миллат Эмомалӣ Раҳмон аз Маркази таълимии «Пойтахт»-и Қӯшунҳои сарҳадии КДАМ ҶТ боздид намуданд

28 май Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, Раиси шаҳри Душанбе муҳтарам Рустами Эмомалӣ дар ноҳияи Фирдавсӣ дар рӯзи таҷлили 28-солагии таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ ташриф оварданд.

Мавриди зикр аст, ки Маркази таълимии “Пойтахт” барои омодасозии мутахассисони хурди ҳайати сарбозону сержантон ва бозомӯзии ҳайати шахсӣ ва сатҳи роҳбарии Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Маркази таълимии “Пойтахт” Машқгоҳи таълимии тирандозиро ба истифода супориданд. Дар машқгоҳи мазкур асосан афсарон ба сарбозон истифодаи дурусти силоҳи гуногуни оташфишон ва нозукиҳои тирпарониро меомӯзонанд. Ҳамзамон ин машқгоҳ барои такмили ихтисос ва малакаи касбии афсарон пешбинӣ шудааст.

Зимни шиносоӣ Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз шароити фароҳамшуда дар ин таълимгоҳи низомӣ баҳои баланд дода, барои боз ҳам такмилу тақвият додани маҳорату малакаи касбии хизматчиёни ҳарбӣ, хусусан ба афсарону сарбозони Қӯшунҳои сарҳадӣ тавсияҳои судманд доданд.

Ба Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон иттилоъ доданд, ки дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ аз рӯйи 19 ихтисос кадрҳои низомӣ, аз ҷумла минаҷуён, алоқачиён, кинологҳо, ронандаҳо, нишонзанҳо, дастурдиҳандагони тиббӣ ва тирандозон аз ҳисоби сарбозони навдаъват омода карда шуда, барои идомаи хизмат ба қисмҳои ҳарбии сарҳадӣ фиристода мешаванд.

Бо мақсади дар сатҳи зарурӣ ба роҳ мондани дарсҳои назариявию амалӣ дар марказ шароити зарурӣ муҳайё гардидааст. Раванди омӯзиш дар Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ бо истифода аз дастгоҳу таҷҳизоти муосири таълимӣ ба роҳ монда шуда, ба кадрҳои ҷавон донишҳои замони муосир дар сатҳи баланд омӯзонида мешавад.

Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар нуқтаи фармондеҳӣ аз намоиши техникаи ҳарбӣ, машқҳои таълимию тактикӣ ва омодабошии ҷангии афсарону сарбозони тоҷик боздид карданд. Дар майдони тактикӣ дар 13 нуқта барномаҳои таълимӣ бо ҷалби ҳайати шахсӣ, техникаю таҷҳизоти зарурӣ ва сагҳои хизматӣ ба роҳ монда мешавад. Дар намоиши омодагии ҷангии сарҳадбонон амалиёти дастгирнамоӣ ва ё безараргардонии сарҳадшикани қочоқбар намоиш дода шуд.

Бояд гуфт, ки омодасозии сагҳои хизматӣ ва кинологҳо аз ҷумлаи ихтисосҳое мебошад, ки дар маркази таълимӣ тайёр карда мешавад.

Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба ҳайати роҳбариву фармондеҳии сохторҳои қудратии мамлакат доир ба тарбияи кадрҳои баландихтисоси низомӣ ва сайқал додани таҷрибаи афсарону сарбозон супоришҳои мушаххас доданд.

Ба таъкиди Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон Қӯшунҳои сарҳадии Тоҷикистон дар шароити басо сангини солҳои аввали Истиқлоли давлатии кишвар бе заминаи моддию техникӣ таъсис ёфт.

Бо дастгирӣ ва таваҷҷуҳи пайвастаи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳ, генерали Артиш муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон заминаи моддиву техникии Қӯшунҳои сарҳадӣ мукаммал шуда, рӯз то рӯз фаъолияти хизматӣ ва шароити маишии афсарону прапоршикҳо ва сарбозон, ки шабонарӯзӣ хати марзи давлатиро ҳимоя менамоянд, хубтару беҳтар мегардад. Ин аст, ки имрӯз Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун такягоҳи боэътимоди давлат ташаккул ёфта, дар сафи пеши ҳимояи сулҳу суботи сартосарӣ, мубориза бар зидди қочоқбарон, пешгирии убури хати сарҳади давлатӣ ва дигар омилҳои халалдоркунандаи оромии кишвар қарор дорад.

Бо дарназардошти фароҳам намудани шароити мусоиди хизматию маишӣ марзбонони матиниродаи тоҷик неруву тавони тоза гирифта, дар таъмини амнияти осоиштагии ҷомеа дар хати марзи давлатӣ бо ҳушёриву зиракӣ адои хизмат менамоянд.

Бояд гуфт, ки аз соли 2005 инҷониб масъулияти ҳифзи сарҳади давлатӣ бар зиммаи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон вогузор шудааст ва масъулияти ҳайати шахсии Қӯшунҳои сарҳадӣ ҳамчун ҳомиёни далеру шуҷои марзу буми Ватани аҷдодӣ ба маротиб бештар гардид.

Имрӯзҳо дар ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадӣ дар баробари мардон, занону бонувон низ содиқонаю софдилона фаъолияти босамар доранд, ки ин намунаи баланди шуҷоату шарафмандӣ ва нангу номуси ватандорӣ мебошад.

Дар ҳудуди Маркази таълимии “Пойтахт” Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон баъди шиносоӣ бо лоиҳаи бунёди ошхона ва хобгоҳи сарбозон бо гузоштани санги асос ба корҳои сохтмонӣ оғоз бахшиданд. Иттилоъ дода шуд, ки иншооти нав аз тарафи соҳибкори ватанӣ, вакили шаҳрӣ, роҳбари Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди “Сарманзил” Маҳмудҷон Муродов мутобиқ ба талаботи муосир сохта мешавад. Аз рӯйи лоиҳа ошхона барои 1000 ҷойи нишаст ва хобгоҳ барои 1000 нафар пешбинӣ шудааст. Ошхона дар ошёнаи аввали бино ҷойгир шуда, дорои ҳуҷраҳои алоҳидаи пухтупаз, сехи нонпазӣ, анбори нигаҳдории маҳсулоти ғизоӣ ва ҳуҷраҳои ёрирасон мебошад. Хобгоҳ бошад, дар ошёнаҳои 2, 3 ва 4 ҷойгир мешавад, ки дар маҷмуъ масоҳати умумии иншоот 1700 метри мураббаъро дар бар мегирад.

Дар бинои ошхона ва хобгоҳ лифти замонавӣ насб шуда, долонҳои барҳаво, ҳуҷраҳои корӣ барои афсарон, нуқтаҳои нигаҳдории силоҳ, ҳуҷраҳои маишиву фароғатӣ ва ёрирасон сохта мешаванд. Муҳлати сохтмон ду сол буда, дар раванди корҳои бунёдӣ аз масолеҳи хушсифати сохтмонӣ истифода мегардад. Таъкид шуд, ки дар корҳои сохтмонӣ аз ҳисоби Бригадаи сохтмонии Қӯшунҳои сарҳадӣ низ бинокорон ҷалб хоҳанд шуд.

Сарвари давлат ба масъулон барои бо сифат ба иҷро расонидани корҳои сохтмонӣ ва дар фурсати муайяншуда ба истифода додани иншооти мазкур дастуру супоришҳои мушаххас доданд.

Дар ҳудуди Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадӣ марҳила ба марҳила биною иншооти соҳавӣ сохта ба истифода дода шуда, барои афсарону сарбозон шароити арзандаи хизматию маишӣ фароҳам мегардад.

Ёдовар мешавем, ки солҳои 2017, 2019 ва 2020 Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Маркази таълимии “Пойтахт”-и Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф оварда, як қатор иншооти навро мавриди истифода қарор додаанд, ки барои беҳтар намудани шароити маишию хизматии афсарону сарбозон пешбинӣ гардидааст.

Аз ҷумла, дар Маркази таълимии “Пойтахт” биноҳои наву муосири таълимӣ, “Кохи Шараф”, коргоҳи дӯзандагӣ, таълимгоҳи радиотехникии идоракунии сарҳад, толори варзишӣ, фермаи парандапарварӣ ва дигар иншооти соҳавӣ бо тарҳи муосир бунёд шудааст.

Хусусан дар бинои таълимӣ, ки дорои 20 синфхонаи барҳавои дарсӣ мебошад, мутахассисони соҳа бо истифода аз технологияи пешрафта ба курсантон ва дигар шунавандагон дар баробари омӯзиши барномаҳои таълимии ҳарбӣ забонҳои хориҷӣ, аз қабили русӣ, англисӣ ва чиниро меомӯзонанд. Тамоми иншооти маркази таълимӣ дар асоси дастуру супоришҳои бевоситаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати баланд бардоштани савияи донишу малака, омодагии ҳарбӣ, рӯҳияи сарбозӣ ва ҳисси худшиносию ватанпарастии муҳофизони сарҳад бунёд гардида, бо муосиртарин таҷҳизоти таълимию хизмати марзбонӣ таъмин мебошанд.

Дар ҳамин ҷо Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон аз намоиши маҳсулоти кишоварзӣ, ки аз ҳисоби хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон истеҳсол мешавад, дидан карданд. Дар намоиш номгӯи зиёди сабзавоту полезӣ, меваҷот, ғалладона ва маҳсулоти консервашуда муаррифӣ гардид.

Ба итилои масъулон бо мақсади ғанӣ гардонидани дастархони сарбозон бо маҳсулоти кишоварзӣ ва гӯшту шир дар назди Раёсати ақибгоҳи Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон Шуъбаи хоҷагии ёрирасон ташкил шудаааст, ки ҷузъу томҳои Қӯшунҳои сарҳадиро бо маҳсулоти тару тозаи табиӣ таъмин менамояд.

Тибқи дурнамо соли 2022 дар хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ дар 460,5 гектар кишти маҳсулоти кишоварзӣ ба нақша гирифта шудааст. Аз ҷумла дар 194,5 гектар кишти баҳорӣ, дар 73 гектар кишти такрорӣ ва дар 193 гектар кишти тирамоҳӣ гузаронда мешавад. Маҳсулоти истеҳсолшуда ба сохтору воҳидҳои ин ниҳоди қудратии мамлакат дастрас мегардад. Дар баробари боғҳои мавҷуда бунёди боғҳои нави низ идома дорад. Парвариши чорвои хурду калон ва паранда низ дар хоҷагиҳои ёрирасони Қӯшунҳои сарҳадӣ ба роҳ монда шуда, ҳамасола саршумори он афзоиш меёбад.

Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон роҳбарияти Қӯшунҳои сарҳадиро барои истифодаи босамари ҳар қитъа замин, ки дар ихтиёри хоҷагиҳои ёрирасон аст, ҳидоят карданд. Дастур дода шуд, ки кишту парвариши маҳсулоти кишоварзии аз лиҳози экологӣ тоза бештар карда шуда, қисме аз он барои мавсими тирамоҳу зимистон захира карда шавад.

Сипас, Сарфармондеҳи Олии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар назди сарбозону афсарони Қӯшунҳои сарҳадии Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон, ки ба ифтихори 28-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ саф ороста буданд, суханронӣ намуданд. Сарвари давлат сарҳадбонони тоҷикро ба муносибати ин санаи фархунда табрику таҳният гуфта, ба онҳо дар иҷрои вазифаи пуршарафи ҳарбӣ шуҷоату далерӣ ва комёбию сарфарозӣ орзу карданд.

Баъди суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба муносибати 28-умин солгарди таъсисёбии Қӯшунҳои сарҳадӣ гузашти низомӣ баргузор гардид.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE