Ҳушдори КҲФ аз болоравии сатҳи об дар рӯдхонаҳо

Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон истинодан ба Агентии ҳавошиносии кишвар хабар медиҳад, ки рӯзҳои 15-17-уми июли соли равон дар натиҷаи болоравии дамои ҳаво дар ҳавзаи дарёҳои Панҷ, Вахш ва Зарафшон эҳтимоли зиёди баланд шудани сатҳи об вуҷуд дорад. Дар ин бора аз Кумитаи ҳолатҳои фавқулодда ва мудофиаи граждании назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.

Дар ҳамин иртибот Кумита ба сокинон ва меҳмонони кишвар муроҷиат мекунад, ки дар ин рӯзҳо ҳамнгоми будубош дар соҳили обҳо қоидаҳои бехатариро ҷиддан рияо намоянд. Маслиҳат дода мешавад, ки сайёҳон хати ҳаракати худро ба ин ё он гӯшаи кишвар дар ҳамкорӣ бо мутахассисони КҲФ таҳия намоянд. Бахусус сафар бо роҳҳои кӯҳӣ, ки хатари баногаҳ омадани селҳо ба асари об шудани пиряхҳо вуҷуд дорад. 

Кумита ҳамчунин аз аҳолӣ хоҳиш мекунад ҳангоми ҳаракат аз роҳҳои кӯҳиву ағбаҳо, ҳангоми ғунучини ҳезуму гиёҳҳои кӯҳӣ, моҳидориву шикор эҳтиёт кунанд. 

Сокинони навоҳи кӯҳистониву доманакӯҳҳо ҳангоми чорвочаронӣ дар наздикиои соҳили обҳо низ бояд вобаста ба вазъ эҳтиёт намоянд.  

Кумита ҳамчунин аз аҳоли хоҳиш мекунад ба хотири пешгирӣ аз хатари селҳои эҳтимолӣ сар вақт ҷӯйборҳо, каналҳо ва селроҳаҳои минтақа ва макони зисти худро аз ҳар гуна хасу хаспораҳо тоза кунанд, то оби сел бемамониат ба як маҷрои бехатар ҷорӣ шавад.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE