Мулоқоти Зубайдзода Зубайдулло бо муовини Сарвазир ва вазири мудофиаи Кувайт
17 июли соли 2023 мулоқоти сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Давлати Кувайт Зубайдзода Зубайдулло бо муовини Сарвазир ва вазири мудофиаи Давлати Кувайт Шайх Аҳмад Фаҳд ал-Аҳмад ас-Сабоҳ баргузор гардид. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Зимни мулоқот ҷонибҳо роҷеъ ба ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон бо Давлати Кувайт дар соҳаҳои амният ва мудофиа табодули афкор намуда, ба тавсеаи равобити амниятии ду кишвар дар самтҳои мубориза бо зуҳуроти терроризм ва ифротгароӣ таъкид намуданд.