Дар иҷлосияи Маҷлиси намояндагон ба якчанд қонун тағйиру илова ворид карда шуд

Имрӯз таҳти раёсати Раиси Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Маҳмадтоир Зокирзода ҷаласаи иҷлосияи чоруми Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати шашум баргузор гардид. Зимни он вакилон лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ»-ро мавриди баррасӣ қарор доданд. Дар ин хусус дар Маҷлиси намояндагон иттилоъ доданд.

Дар иҷлосия инчунин лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» ва лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» низ муҳокима карда шуд.

Таъкид гардид, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи нафт ва газ», ки бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи як гурӯҳ вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади бартараф намудани мухолифату норасоиҳои ҷойдошта дар Қонуни амалкунанда, истифодаи истилоҳу ибораҳо бо назардошти услуби ягона, техникаи ҳуқуқэҷодкунӣ ва мантиқи ҳуқуқӣ, мушаххасу саҳеҳ гардонидани меъёрҳо ва мутобиқгардонии меъёрҳои моддаҳо ба талаботи Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дигар санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ таҳия ва пешниҳод шудааст.

Вакилони мардумӣ иброз намуданд, ки мақсад аз таҳияи лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳимояи ҳуқуқи истеъмолкунандагон» мутобиқ гардонидани меъёрҳои қонуни амалкунанда ба талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ», «Дар бораи забони давлатӣ» ва бартараф намудани мухолифату норасоиҳои дохилии меъёрҳои алоҳидаи қонун, инчунин васеъ намудани ҳуқуқҳои истеъмолкунанда ва дастгирии давлатии ҳимояи ҳуқуқҳои истеъмолкунанда мебошад.

Зимни баррасии масъалаи ниҳоии рӯзномаи иҷлосия таъкид карда шуд, ки лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси замини Ҷумҳурии Тоҷикистон» бо тартиби ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ аз тарафи вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон М. Ахмедов ва Ф. Қосимӣ пешниҳод гардидааст.

Лоиҳаи қонуни мазкур бо мақсади такмили асосҳо ва механизмҳои муқаррарнамудаи ҳуқуқи истифодаи замин вобаста ба меъёрҳои муқарраргардидаи қонунгузории навини Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад.

Масъалаҳои рӯзномаро ба вакилони мардумӣ вакилони Маҷлиси намояндагон Музаффарҷон Маҳмудзода, Рустам Раҳматзода, Файзулло Қосимӣ, Вазири энергетика ва захираҳои оби Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷумъа Далер, Сардори Хадамоти зиддиинҳисории назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Абдулмаҷид Муминзод ва Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон Ориф Хоҷазода муаррифӣ намуданд.

АКС: Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE