Моҳи август дар Ашкобод Нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон баргузор хоҳад шуд
26 июли соли 2023 тавассути видеоконфронс машваратҳо миёни вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон С.Муҳриддин, Туркманистон Р.Мередов ва Ҷумҳурии Узбекистон Б.Саидов баргузор гардиданд. Дар ин бора аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.
Дар рафти мулоқот масоили омодагӣ ва баргузории Нишасти Президентони Тоҷикистон, Туркманистон ва Узбекистон, ки дар аввали моҳи августи соли ҷорӣ дар Ашкобод баргузор мешавад, муҳокима гариданд.
Вазирон лоиҳаи барнома, рӯзномаи ҷаласаи дарпешистода, инчунин лоиҳаи ҳуҷҷати ҷамъбастии Нишастро баррасӣ карданд.
Дар ин замина вазирон доир ба ҷанбаҳои афзалиятноки ҳамкориҳои минтақавӣ табодули афкор намуданд.
акс: ВКХ