Дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1592 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст
“Дар нимсолаи аввали соли ҷорӣ дар судҳои иқтисодии ҷумҳурӣ 1592 адад парвандаҳои иқтисодӣ баррасӣ гардидааст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 211 адад кам мебошад”- изҳор дошт имрӯз зимни нишасти хабарӣ Раиси Суди Олии иқтисодӣ Рустам Мирзозода. Ба гуфтаи масъулин дар ин давра 810 ҳалнома бароварда шуда,69 парванда дар истеҳсолот қать гардида, 144 аризаҳо бе баррасӣ мононда шудааст. Қабули 7 адад ариза қать карда шуда, 255 арзу дархостҳо бинобар ба талабот қонунгузории мурофиавӣ ҷавобгӯ набудан баргардонида шудааст.
Тоҷиддин Сатторзода
Садои Душанбе