Дар Душанбе масъалаи вусъат додани ҳамкории сармоягузорӣ байни Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёи Рушд баррасӣ шуд

25 июл вохӯрии Вазири рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон, Мудири кишварии Бонки Авруосиёии Рушд (БАОР) аз Тоҷикистон бо муовини Раиси Бонки Авруосиёии Рушд (БАОР) баргузор гардид, ки зимни он дурнамои ҳамкории миёнамуҳлати дуҷониба мавриди баррасӣ қарор гирифт.

Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо масъалаҳои густариши ҳамкорӣ  байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Бонки Авруосиёии Рушд, ҷалби маблағҳои имтиёзнок вобаста ба таъсири омилҳои берунӣ, лоиҳаҳои нави афзалиятнок дар асоси ҳадафҳои рушди мамлакатро  мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар робита ба ин Вазири рушди иқтисод ва савдои ҷумҳурӣ аз муовини Раиси Бонки Авруосиёии Рушд  дархост намуд, ки маблағгузорӣ ба соҳаҳои иҷтимоию иқтисодии Тоҷикистон барои ноил гардидан ба ҳадафу афзалияти стратегии Ҳукумати ҷумҳурӣ, аз ҷумла саноатикунонӣ, энергетика, тақвияти иқтидори содиротӣ, рушди иқтисоди «сабз» ва рақамӣ зиёд шавад.

Муовини Раиси Бонки Авруосиёии Рушд омодагии худро барои зиёд намудани маблағгузории лоиҳаҳо дар самтҳои гуфташуда баён намуд. Ҷонибҳо итминон доданд, ки сандуқи сармоягузории бонкро дар Ҷумҳурии Тоҷикистон то 3 фоизи ҳаҷми умумии сандуқи сармоягузории бонк то охири соли равон афзоиш диҳанд.

Бояд ёдовар шуд, ки то имрӯз аз ҷониби  Бонки Авруосиёии Рушд ва сохторҳои он 13 лоиҳаи сармоягузорӣ ба маблағи умумии 266,4 млн доллар, аз ҷумла 7 лоиҳаи грантию имтиёзноки Хазинаи АвруОсиёи Устуворӣ ва Рушди БАОР ба маблағи 215 млн доллар ва 6 лоиҳаи худи бонк ба маблағи 51,4 млн доллар дар соҳаҳои гуногуни иқтисоди Ҷумҳурии Тоҷикистон амалӣ шудаанд.

АКС: Вазорати рушди иқтисод ва савдои Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE