Гармии ҳаво ва сӯхтори ҷангалзорҳо дар Аврупо ва дигар минтақаҳои ҷаҳон боиси нигаронии амиқи иқлимшиносон гардидааст
Дар Португалия ва ҷазираҳои Канар як қисми сӯхтор зери назорат гирифта шудааст. Пас аз интиқоли сайёҳон соҳилҳои ҷазираи Родоси Юнон холӣ буда, бархе аз онҳо алакай аз сӯхтор осеб дидаанд. Дар Юнон сӯхторҳои кунуниро шадидтарин оташи вақтҳои охир меноманд. Ҳаҷми минтақаҳои сӯхташуда бузургтарин дар 16 соли охир унвон шудааст. Рӯзи душанбе дар ҷазираи Эубой дар натиҷаи сухтор се нафар ба ҳалокат расидааст. Ду нафари онҳо халабони ҳавопаймои суқути оташнишонӣ мебошанд. Дар Хорватия дар наздикии Дубровник сухтор ба амал омадааст. Дарозии сухтор аз 5 километр зиёд аст ва оташ аллакай ба шаҳри сайёҳӣ наздик мешавад. Беш аз 130 нафар оташнишонҳо бо сӯхтор мубориза мебаранд. Кори онҳо бо он мушкил шудааст, ки минаҳо ва снарядҳои дар он ҷо аз замони ҷангҳои Балкан дар солҳои 90-ум боқимонда дар кӯҳҳо бар асари ҳарорати азим таркиш мекунанд.
Дар Сицилия шумори қурбониёни сӯхтор ба 4 нафар расидааст. Ду нафари онҳо зану шавҳари солхӯрда мебошанд. Онҳо дар хонаи худашон дар наздикии Палермо ҳалок шудаанд. Дар ин мавзеъ алангаи оташ ба марзи фурудгоҳ расида, бандари ҳавоӣ баста шудааст. Дар минтақаи дигари ҷазира як партовгоҳи шаҳр оташ гирифта, дуди заҳролудро ҷамъ мекунад. Сӯхторнишонони Португалия мегӯянд, ки сӯхторро дар боғи табиии Каскай дар шимолу ғарби Лиссабон зери назорат гирифтаанд. Аммо дар он ҷо то ҳол беш аз 500 нафар навбатдор буда, сӯхторҳои охиринро хомӯш карда, талош доранд, ки дубора оташ задани ҳодисаро пешгирӣ кунанд.
Сӯхтор дар ҷазираи Гран Канарияи Испания низ таҳти назорат қарор дорад. Қаблан сӯхтор дар он ҷо беш аз 200 гектар ҷангалро нобуд карда буд. Зимнан олимони World Weather Attribution ба хулосае омаданд, ки мавҷҳои гармои марговар дар нимкураи шимолӣ бидуни гармшавии глобалӣ, ки аз сӯхтори сӯзишвории истихроҷшуда ба вуҷуд омадааст, имконнопазир аст.. Бар асоси як пажӯҳиши нави олимони иқлимшиноси ҷаҳонии обуҳаво сабаби гармои марговар ба Амрикои Шимолӣ, Аврупо ва Осиё бӯҳрони сунъии иқлим аст, ки бидуни гармшавии глобалӣ дар натиҷаи сӯхтори сӯзишвории истихроҷшуда имконнопазир буд. Бар асоси пажӯҳиш, ҷамъ шудани гази карбон ва дигар газҳои гулхонаӣ дар атмосфера боиси боло рафтани мавҷҳои гармӣ дар Аврупо 2,5 дараҷа, дар Амрикои Шимолӣ 2 дараҷа ва дар Чин 1ºС шудааст. Коршиносон бар ин назаранд, ки мавҷҳои гармӣ дар ҳама ҷо шадидтар, зуд-зуд ва тӯлонитар хоҳанд буд. Ва аллакай онҳо на танҳо ба зиндагии мардум нороҳатӣ меоранд, балки дар паси офатҳои табиӣ, аз қабили хушксолӣ ва сӯхторҳои ҷангал низ боис мешаванд.
Мижгонаи Насриддин
Садои Душанбе