СТИПЕНДИЯИ ПРЕЗИДЕНТИ ҶУМҲУРИИ ТОҶИКИСТОН. Дар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд озмун идома дорад

 Аз 1-уми август  байни хонандагони муассисаҳои миёни умумӣ, литсей, гимназия ва коллеҷҳои шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон оғоз гардида, то 12 август идома меёбад. Дар  ин хусус дар Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Аз ҷумла, 1 август дар шаҳри Панҷакент озмуни Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон байни хонандагони муассисаҳои таълимӣ оғоз гардид. ​

​Иброз гардид, ки дастгирии ҷавонон ва ғамхорӣ нисбат ба онҳо дар меҳвари сиёсати давлату Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Гувоҳи ин гуфтаҳо он аст, ки ҳар мулоқоти Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ – Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон бо намояндагони ҷавонон бо пешниҳоди як падидаи ҷолиб ва ташаббуси наҷиб ба анҷом мерасад. Аз ҷумла, таъсис ва амалӣ гардидани стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои хонандагони муассисаҳои таҳсилоти миёна, миёнаи касбӣ ва донишҷўёни муассисаҳои таҳсилоти олӣ иқдоми наҷиби Роҳбари муаззами мамлакат маҳсуб мешавад.

Тазаккур дода шуд, ки бо пешниҳоди Пешвои миллат аз 1 сентябри соли 2021 шумораи гирандагони стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ, ибтидоӣ ва миёнаи касбӣ, ки бо баҳои аъло таҳсил менамоянд, аз 400 нафар ба 3000 нафар зиёд карда шуд. Таъсис ёфтани Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон барои наврасону ҷавонон нишонаи олии таваҷҷуҳи Сарвари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба насли ояндасози мамлакат буда, барои ҳавасманд намудани насли ҷавон ҷиҳати ба таҳсили муносиб фаро гирифтан ва ташаккул додани маҳорату малакаи истеъдоди онҳо мусоидат менамояд.​

Аз ҷавонон даъват ба амал оварда шуд, ки дар баробари ин ғамхориҳо бояд Ватани худро боз ҳам бештар дӯст дошта, илмҳои гуногуни замонаро омӯзанд ва баҳри ободии диёри биҳиштосоямон кӯшиш намоянд.

Бояд гуфт, ки озмуни ​Стипендияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон тибқи ҷадвали тасдиқгардида дар дигар шаҳру ноҳияҳои вилояти Суғд баргузор мегардад.

АКС: Кумитаи кор бо ҷавонон ва варзиши назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE