Муовини Сарвазири Тоҷикистон Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Турсунзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ шинос гардид

Муовини Сарвазири мамлакат Сулаймон Зиёзода дар шаҳри Турсунзода бо вазъи соҳаи кишоварзӣ ва иҷрои корҳои созандагиву ободкорӣ  шинос шуд. Дар ин хусус Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода хабар медиҳад.

Гурӯҳи корӣ дар ибтидо бо вазъи нашъунамои пахта, ангур, шолӣ ва тарбуз шинос гардид.

Зимни шиносоӣ бо ҷараёни корҳои кишоварзӣ  ба муовини Сарвазири Тоҷикистон ҳамчунин оид ба вазъи боғдорӣ, шолипарварӣ ва дигар самтҳои соҳа маълумоти муфассал дода шуд.

Ҷиҳати боз ҳам рушд додани соҳаи кишоварзӣ, истифодаи босамари замин ва саҳмгузорӣ барои расидан ба амнияти озуқаворӣ аз ҷониби муовини Сарвазири мамлакат ба роҳбарону масъулини соҳа якчанд супоришҳои мушаххас дода шуд.

АКС: Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Турсунзода

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE