Сарвазири Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросон иншооти таъйиноти гуногунро ифтитоҳ намуд

03.10.2023 дар ноҳияи Хуросони вилояти Хатлон бо иштироки Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода ва раиси вилояти Хатлон Давлаталӣ Саид бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул, инчунин ду бинои иловагии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ифтитоҳ гардиданд. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон хабар доданд.

Бинои маъмурии Кумитаи идораи замин ва Корхонаи давлатии фаръии бақайдгирии молу мулки ғайриманқул дар доираи Нақшаи чорабиниҳо бахшида ба ҷашни 35-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон сохта ба истифода дода шуд.

Сохтмони бинои маъмурии кумита соли 2019 оғоз гардида, дар масоҳати умумии 300 метри мураббаъ сохта шудааст. Фармоишгар ва маблағгузори иншооти мазкур Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба шумор меравад.


Сарвазири мамлакат Қоҳир Расулзода бо ёдовари аз дастуру супоришҳои Роҳбари давлат, кормандону мутахассисони соҳаро ҷиҳати беҳтар намудани хизматрасонӣ ба муроҷиаткунандагон, таъмини истифодаи самараноки замин, ҷамъоварии беталафи ҳосил, захира намудани маводи гизоӣ ва баланд бардоштани ҳосилхезии хок вазифадор намуд.

Бинои мазкур аз 2 ошёна иборат буда, дорои 13 ҳуҷраи корӣ ва маҷлисгоҳ барои 50 ҷойи нишаст мебошад.

Инчунин дар таҳхонаи бино бойгонӣ ҷойгир карда шудааст. Саҳни ҳавлӣ ва роҳравҳои атрофи бино дар масоҳати 32 метри мураббаъ сафолакпӯш ва дар масоҳати 400 метри мураббаъ бетонпӯш шудаанд.

Дар идомаи сафари кори Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода дар ноҳияи Хуросон синфхонаҳои иловагӣ дар назди муассисаҳои таълимии № 23 ва № 50 ифтитоҳ гардиданд.

Иттилоъ дода шуд, ки сохтмони 11 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии №23 бо дастгирии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ва сокинон ба анҷом расонида шудааст. Бинои таълимии мазкур аз 1 ошёнаи борат буда, дар майдони 720 м2 бунёд шудааст ва дар он тамоми шароити муосир барои кору фаъолияти омӯзгорон ва таълими хонандагон муҳайё мебошад. Маблағи умумии лоиҳаи бино 1449,925 ҳазор сомониро ташкил медиҳад.

Ҳамзамон, сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди муассисаи таълимии № 50 аз ҷониби соҳибкори маҳаллӣ Хидиров Бобошер, аҳолии деҳаи Ҷавонӣ ва мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳияи Хуросон ба охир расонида шудааст. Маблағи умумии лоиҳаи бино 911,240 ҳазор сомониро дар бар мегирад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 50 дар масофаи 16 км аз маркази ноҳия ҷойгир мебошад. Дар ин муассисаи таълимӣ 500 нафар хонанда ба таҳсил фаро гирифта шудааст. Ғунҷоиши синфхонаҳо барои таълими дурусти хонандагон душвориро пеш меовард. Аз ин рӯ, сохтмони 8 синфхонаи иловагӣ дар назди ин муассиса имконият медиҳад, ки мушкилоти норасоии синфхонаҳои иловагӣ аз байн рафта, хонандагон дар синфхонаҳои барҳавои тозаву озода ба таҳсил фаро гирифта шаванд.

Бо сохта ва истифода дода шудани синфхонаҳои иловагӣ, барои тараққӣ ёфтани ҷомеа, баланд бардоштани сатҳи омӯзиш, маърифати хонандагон, кам кардани камбизоатӣ ва беҳтар гардонидани шароит барои омӯзгорон саҳми арзанда мегузорем.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE