Ҷавонони шаҳри Ваҳдат ба таври ихтиёрӣ ба сафи Артиши миллӣ шомил гардиданд

Мавсими ҷалби ҷавонон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон идома дорад. Бо ин мақсад таҳти унвони «Рӯзи даъватшаванда» дар қисми низомии Вазорати мудофиаи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар шаҳри Ваҳдат  барномаи фарогир ва хотирмон баргузор шуда, даъватшудагони зиёде  бо доир намудани маросими «Кулчагазон» аз ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бо орзуҳои неку дуои падару модарон ба сафи Артиши миллӣ ҷалб  шуданд.  Дар ин хусус ба   хабарнигори минтақавии АМИТ «Ховар» Субҳониддини Маҳмуд дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат хабар доданд.

Раиси шаҳри Ваҳдат Мирзо Исмоилзода дар ин ҳамоиши  тантанавӣ даъватшудагонро  барои содиқонаю софдилона хизмат намудан ба Ватан – Модар даъват намуда, иброз дошт, ки «хизматҳои шабонарӯзии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ҷиҳати муҳайё намудани шароити хуб дар қисмҳои ҳарбии ҷумҳурӣ беназир мебошанд.  Хизмат дар сафи Артиш, ҳимоя аз марзу буми Ватан- Модар ҳамеша мояи шараф ва ифтихори ҳар фарди баору номус ва ватандӯст буд, ҳаст ва ин рисолат то абад боқӣ мемонад. Аз таърих ва осори гузаштагон медонем, ки ба сафи Артиш танҳо ҷавонони ғаюру шуҷоатманд ҷалб мешуданд ва ин анъана имрӯз низ давом дорад.  Мо бо боварӣ гуфта метавонем, ки шаҳри Ваҳдат бо шумо, ҷавонони далеру шуҷои худ ифтихор менамояд».

Дар навбати худ даъватшавандагон иброз доштанд, ки хизмат ба Ватан-Модарро қарзи фарзандии хеш медонанд ва баҳри иҷрои он омодаанд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE