Дар Душанбе нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Тоҷикистон ва Эрон баргузор шуд

9 октябр дар Душанбе нахустин нишасти Кумитаи сиёсии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷумҳурии Исломии Эрон баргузор шуд. Ҳайатҳои ҷонибҳо дар ин нишаст таҳти роҳбарии муовинони вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон Содиқ Имомӣ ва Алӣ Боқирӣ иштирок намуданд. Дар ин хусус аз Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Дар нишаст роҷеъ ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои муносибатҳои дуҷониба дар соҳаҳои сиёсӣ, иқтисодӣ, тиҷоратӣ, тандурустӣ, сайёҳӣ, фарҳангӣ ва маориф мубодилаи афкор анҷом дода шуда, ҳамкории ду давлат дар чаҳорчӯби созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ муҳокима гардид.

Ҷонибҳо омодагии худро ҷиҳати вусъат бахшидан ба ҳамкории судманд дар ҳамаи самтҳое, ки ба густариши бештари робитаҳои дуҷонибаю бисёрҷониба мусоидат менамоянд, изҳор намуданд.

Ҳамчунин дар доираи нишаст 19 октябр мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Муҳриддин бо муовини сиёсии вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Исломии Эрон Алӣ Боқирӣ баргузор шуд.

Дар ҷараёни суҳбат ҷонибҳо ҳолат ва дурнамои тавсеаи равобити дуҷонибаи Тоҷикистон ва Эронро мавриди баррасӣ қарор доданд. Ҷонибҳо ҳамчунин дар хусуси ҳамкорӣ дар доираи созмонҳои минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули назар намуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE