Чор рассоми навраси тоҷик дар Форуми байналмилалии аниматсия дар Тошканд иштирок мекунанд

Аз 18 то 22 апрел дар шаҳри Тошканди Ҷумҳурии Узбекистон  Форуми байналмилалии аниматсия доир мегардад, ки аз Ҷумҳурии Тоҷикистон 4 нафар рассоми наврас аз Мактаби санъати бачагонаи ба номи Дилором Баҳромоваи шаҳри Конибодом ва ду филми аниматсионии кӯтоҳи «Садои хомӯшӣ»— и коргардони тоҷик Фарҳод Ғаффорпур ва  «Ҳувайдо»- и Лолисанам Улоғова дар он иштирок мекунанд.

Чор навраси тоҷик- Аниса Сулаймонова, Суман Раҳматова, Мурод Бошмонов  ва Ратмир Тухтабоев дар бахши кӯдакона ва ду филми аниматсионии кӯтоҳи «Садои хомӯшӣ»- и коргардони тоҷик Фарҳод Ғаффорпур ва  «Ҳувайдо»- и Лолисанам Улоғова дар бахши калонсолон иштирок менамоянд.

Дар Форум барои иштирокчиён ҳамоиш намоишҳои аниматсионии  ватанию хориҷӣ, вохӯриҳои эҷодӣ ва барномаҳои дигар гузаронида мешаванд.

Добавить комментарий

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE