НАВРӮЗ — КУҲАНТАРИН ҶАШНИ ТОҶИКОН

Ба шарофати соҳибистиқлол гардидани кишвари азизамон ҷашнҳои миллӣ, аз қабили Меҳргон, Сада, Тиргон ва Наврӯз аз нав эҳё гардидаву сол то сол арҷгузорӣ ба онҳо зиёд мешаванд. Чун ин ҷашнҳои миллӣ ёдгоре аз ниёгони мо мебошанд, ки аз қаъри асрҳо то ба замони мо омада расидаанд.

Хушбахтона, дар замони Истиқлол ҷашнҳои миллии мо умри дубора пайдо кардаву ҳамасола дар сатҳи давлатӣ бо шукуҳу шаҳомати хосса ҷашн гирифта мешаванд. Наврӯз рамзи рӯзи нав, ибтидои соли нав ва иқдому амалҳои нави ободонию тозакориҳост. Истиқбол аз ҷашни Наврӯз ин суннати қадимтарини мардуми ориёӣ буда, то имрӯз арзиши худро гум накардааст ва мардум онро ҳамчун ҷашни суннатӣ ва фарорасии соли нав бо шодмониву сарафрозӣ дар саросари кишвар бо базму тараб ҷашн мегиранд. Имрӯз ба шарофати Истиқлоли миллӣ маросими наврӯзӣ зеботару бошукӯҳтар доир карда мешавад.

Чун дар оғози асри ХХI Тоҷикистони биҳиштосои мо дар шароити озодӣ ва соҳибихтиёрӣ харитаи сиёсии олам бо хатҳои заррин ҷойгузин шуд, бо ташаббуси Пешвои муаззами миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва дастгирии кишварҳои ҳавзаи Наврӯз ин ҷашни мондагори башарият аз ҷониби Созмони Милали Муттаҳид мақоми байналмилалӣ гирифт. Арҷгузорӣ ба ҷашни Наврӯзи ҷаҳонӣ ифодагари худшиносӣ, ҳувияти миллии мо, ифтихори ватандорӣ ва ифтихор аз гузаштагони хеш, бахусус аз намояндагони илму адаб аст. Агар имрӯз мо ба гузаштаи худ арҷ нагузорем, ояндагон ҳеҷ гоҳ ба он васила ё робитае дошта наметавонанд.

Фарзонафарзандони миллати тамаддунсози тоҷик дар ҳама давру замон ба ҷаҳониён дастовардҳои илмию фарҳангиро чун армуғон пешкаш намудаанд. Соҳаеро пайдо кардан душвор аст, ки ба он гузаштагони мо таваҷҷуҳ зоҳир накарда бошанд. Воқеан, ҷаҳду талошҳои Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ҳифзу ҳимоят ва эҳёи ҷашнҳои миллии мо бисёр мондагор ва беназир аст. Ҳеҷ президенти мамлакате барои нигоҳ доштани таъриху тамаддуни миллати худ чунин ҷаҳду талош накардааст. Мо бояд ҳар лаҳза аз ташаббусҳои созанда ва иқдомоти наҷибонаи Пешвои муаззами миллат сарфарозӣ кунему ҳамеша ҷонибдорӣ намоем.

Дар таърихи фарҳанги мардуми тоҷик ҳеҷ як анъана ва расму оине чун ҷашни хуҷастапай ва фархундаи Наврӯз азизу арҷманд нест. Наврӯз пайвандгари насли имруз бо расму оин, арзишҳои эстетикӣ, меҳру садоқат ва анъаноти ниёгон мебошад.

Ҷашни Наврӯз аз қадимтарин ва густурдатарин идҳои мардуми тоҷик буда, умри дарози беш аз шашҳазорсола дорад. Тавре ки аз номи он бармеояд, Наврӯз «Рӯзи нав» маънӣ дошта, дар аввали соли нави хуршедӣ ба истиқболи соли нав барпо мешавад. Наврӯз ҷашни фарорасии баҳори нозанин, зиндашавии табиат, оғози корҳои кишоварзӣ ва боғдорӣ, айёми баробаршавии шабу рӯз дар баҳор мебошад. Аз нигоҳи ҳисоби ситорашиносӣ, Наврӯз рӯзест, ки офтоб ба бурҷи барра (ҳамал) ворид мешавад ва дар ҳамон дақиқаву сонияе, ки ворид шуд, соли нав фаро мерасад.

Таърихи пурғановати миллати мо замина ва сарчашмаи пешрафти давлати тозаистиқлоламон ба ҳисоб меравад, зеро муаррифи миллат ва пояи давлатдорӣ аст. Хушбахтона, дар мамлакат баҳри таҳқиқу омӯзиш ва ғанӣ гардонидани заминаи таърихӣ, нигоҳ доштани мероси ниёгон, урфу одат, расму ойини миллӣ аз ҷониби Ҳукумати мамлакат, хосса Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ғамхориҳои беназир зоҳир мешаванд ва мардуми шарифи мо низ сазоворона аз афзалияти зеҳнияш доир ба таърих дар байни дигар халқу миллатҳо васеъ истифода мебарад ва ифтихор менамояд.

Дар айёми ташаккули давлатдории соҳибистиқлоли миллии мо дар оғози садаи ХХI ба эҳё ва пешрафти ойинҳои аҷдодӣ, арҷгузорӣ ба таърих ва тамаддуни ориёӣ аз ҷониби Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон сол то сол таваҷҷуҳи махсус зоҳир мешавад. Дар ин самт саҳм ва ғамхории Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон хеле бузург аст. Яке аз нишона ва аломатҳои эҳё ва рушди фарҳангу тамаддуни аҷдодӣ- ин бо тамоми шукуҳу шаҳомот ҷашн гирифтани иди Наврӯз мебошад.

Иди Наврӯз-ҷашни аҷдодии мардуми ориётабори Осиёи Марказӣ мебошад, ки таърихи дароз ва хусусуяти ба худ хос дорад, зеро ин ҷашн дар тамаддуни мардуми мо саҳми беназир дошта, ҷузъиёти фарҳангии моро асрҳо, ҳазорсолаҳо нигоҳ дошта ва асолати миллии моро муаррифӣ намудааст. Тавре ишора рафт ҷашни Наврӯз таърихи беш аз шашҳазорсола дорад. Дар ин давраи дарози таърихӣ ҷашни Наврӯз минтақаҳои мухталифу халқҳои зиёдеро фарогир шуда, анъанаҳои ҷашнии он тағйир ёфтаанд, вале муҳтавои асосии он то ба имрӯз бетағйир мондааст.

Дар ҷаҳони муосир Наврӯз расман ҳамасола 20-ум ё 21-уми март таҷлил мегардад. Ҷашни Наврӯз дар Тоҷикистон, Афғонистон, Эрон, Узбекистон, Туркманистон, Қирғизистон, Қазоқистон, Озарбойҷон, Туркия, Гурҷистон, Албания, Федератсияи Русия, Чин ва Ҳиндустон расман таҷлил мегардад.

Маҳз бо ибтикори Пешвои миллат моҳи сентябри соли 2009 Наврӯз ба Феҳристи намоишии мероси ғайримоддии башарияти ЮНЕСКО ворид шуд. Дар Иҷлосияи 64-уми Маҷмаи умумии Созмони Милали Муттаҳид 23-юми феврали соли 2010 21-уми март Рӯзи байналмилалии Наврӯз эълон шуд.

Аз ҷониби СММ ба ҳайси ҷашни ҷаҳонӣ пазируфта шудани Наврӯз далели он аст, ки ҷомеаи ҷаҳонӣ ба ин оини воқеан ва моҳиятан фарҳангиву инсонпарварона эҳтиром дорад ва онро чун воситаи сулҳу субот, покиву садоқат ва зебоиву бедории табиат эътироф менамояд.

Аз ин рӯ, дар замони Истиқлоли давлатӣ дар заминаи эҳё ва инкишоф додани анъана ва маросими аҷдодию миллӣ ба Наврӯз таваҷҷуҳи ҷиддӣ зоҳир мешавад. Дар гӯшаву канори мамлакат бо расму оинҳои хос Наврӯзро ҷашн мегиранд ва он усулҳои пешиниёни таҷлили ин ҷашнро, ки фаромӯш нашудаанд, бо шукуҳу шаҳомати махсус риоя менамоянд. Яъне ба ҷашни Наврӯз ҳамаи қишрҳои ҷомеа бо эҳтироми хосса ва деринтизорӣ назар менамоянд, онро арҷ мегузоранд ва ид мекунанд.

Ҷашни фархундапайи Наврӯз барои мардумони ориённажод, алалхусус барои тоҷикон рамзҳои зиёдеро инъикос мекунад. Наврӯз аз қадим то имрӯз дар дилу дидаҳои мардум ҳамчун як иде, ки онро бесаброна интизор мешаванд, ҷо гирифтааст. Дар ҳақиқат, Наврӯз пеш аз ҳама ин рамзи бедории табиат, шукуфоӣ буда, ифодагари Олами зебоӣ мебошад.

Яке аз рангҳои хос ба Наврӯз ин ранги сафед мебошад. Чун ранги аслии хони наврӯзӣ сафед аст ва ҳоло низ дар маросимҳо барои оростани дасторхон аз порчаҳои сафед истифода мекунанд. Дар фарҳангномаҳо хон бо номҳои дасторхон, суфра низ ёд шудааст. Мардуми тоҷик калимаи «хон»-ро дар гуфторҳои гуногун – дасторхон, дастурхон, дастархон ва суфра талафуз мекунанд. Аз замонҳои қадим то ҳол ороиши хон, ё дасторхони наврӯзӣ яке аз ойинҳои суннатии тоҷикон мебошад. Омӯзишҳо нишон медиҳанд, ки дар ашъори шоирони классик вожаи «хон»-ро ҳамчун дасторхон бисёр истифода мебаранд.

   Ороиши хони наврӯзӣ дар ҳар давру замон ба завқу салиқаи мардуми ҳамон кишвар ва ё минтақа вобаста аст. Дар аксари манотиқи Тоҷикистон дар гузашта барои пухтупаз ва ороиши дасторхони наврӯзӣ ширбиринҷ - таоми суннатии наврӯзӣ омода мекарданд. Дастархони наврӯзии тоҷикон вобаста ба ҳар минтақа хеле зебо ва рангоранг мебошад.

Хони наврӯзӣ аз замонҳои хеле бостон ҳамчун рамзи баракату хайру эҳсон то замони мо аз насл ба насл расидааст. Хушбахтона, пас аз Истиқлолияти давлатии Тоҷикистон дар рӯзҳои баргузории ҷашни Наврӯз, ҳангоми дар намоишгоҳҳо нишон додани зебоии дастархони минтақаҳои Тоҷикистон, дар тамоми ноҳияҳо, ҳамчун эҳёи хони наврӯзии ниёгон, аз ороиши «Ҳафт син», «Ҳафт шин», «Ҳафт мим», ахиран аз «Ҳафт мева» ва «Ҳафт салом» низ истифода мебаранд.

Наврӯз бузургтарин ва зеботарин ҷашни муқаддаси миллии ниёгони мо ба ҳисоб рафта, дорои таърихи ҳазорсолаҳо мебошад. Иди Наврӯзро, ки бо фарорасии он гармии ҷонбахши баҳорӣ оғоз меёбад, ҷашни шукуҳи табиат ва овони эҳёи он гуфтаанд. Наврӯз бо нақши созандаи хеш ба шудгор ва кишту кори замин, пошидани донаи умед, шинонидани ниҳол ва гулу гулбуттаҳо, хуллас оғози ҳамаи корҳои мавсими баҳор ҳидоят менамояд. Аз ин лиҳоз тоҷикон ин иди моҳиятан азизу муқаддаси ниёгонро бо хурсандиву арҷгузории беандоза таҷлил карда, беҳтарин орзуву ормонҳои худро бо Наврӯзи хуҷастапай пайванд медонанд.

Таваҷҷуҳ ба ҳикмату муҳтавои ин суннати наврӯзӣ як ҷанбаи хеле муҳимми он, яъне оини пурра мардумӣ будани онро бори дигар собит месозад ва дар умум, Наврӯзро ҳамчун ҷашни хайру эҳсон, накукориву инсонпарварӣ ва созандагиву ободгарӣ муаррифӣ менамояд.

Дар ҳақиқат, ҳеҷ як иде мисли Наврӯз чунин бонишот ва бошукӯҳу шаҳомат таҷлил намегардад. Ҷашни Наврӯз оғози сол, оғози зиндагии тоза, оғози умеду орзу ва бахту саодат буда, ба остонаи ҳар хонадон чун пайки шодиву нишот ва эҳёи замину табиат қадам мениҳад. Наврӯз бо фарорасии баҳор кулбаву кошонаи моро нуру зиё мебахшад, дар вуҷуди мо поктарин эҳсосот ва волотарин умеду орзуро бедор месозад. Бо нафаси мубораки хеш адовату кинаро аз замири мо дур месозад, меҳри бародарӣ, шафқату меҳрубонӣ ва хайру саховатро дар дили ҳар яки мо меангезад.

Фирӯз КАРИМЗОДА,

сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”,

Неъмат ДАВЛАТОВ,

муовини сармуҳаррири радиои “Садои Душанбе”

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE