Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини якуми Президенти Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот анҷом дод

26 октябр дар шаҳри  Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо муовини якуми Президенти Эрон Муҳаммад Мухбир мулоқот анҷом дод.

Дар мулоқот масъалаҳои ҳамкории дуҷониба дар самтҳи мавриди назар, афзоиши савдои мутақобила, фаъол намудани бахши хусусӣ, ҳамкорӣ дар самти бонкдорӣ, доруворӣ, соҳаи тиб, тақвияти бештар додани кори комиссияи байниҳукуматӣ, кушодани хатсайрҳои нави ҳавоӣ ва васеъ намудани парвозҳо ба ҳарду ҷониб ва дигар масъалаҳои ҳамкории дуҷониба мавриди баррасӣ қарор дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE