Дар Олмон имконияти васеи Тоҷикистон баҳри татбиқи ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда муаррифӣ гардид

Дар Сафорати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Олмон ҳамоиши иқтисодӣ бахшида ба мавзуи ҳамкории энергетикӣ ва энергияи “сабз” бо иштироки доираҳои сиёсӣ ва иқтисодии кишвари иқомат, инчунин намояндагони корпуси дипломатӣ баргузор гардид. Дар ин хусус ба АМИТ «Ховар» дар Вазорати корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

Зимни ҳамоиш имконияти густариши ҳамкории мутақобилан судманд байни Тоҷикистон ва Олмон дар соҳаи энергияи “сабз” ва дурнамои тавсеаи онҳо баррасӣ гардид.

Ба меҳмонон имконияти васеи Тоҷикистон баҳри амалӣ намудани  ҳамкорӣ дар соҳаи энергияи барқароршаванда, бахусус гидроэнергетика муаррифӣ гардида, аҳамияти ҷалби сармояи мустақили хориҷӣ ва технологияи муосир дар густариши ҳамкории судманди дуҷониба дар ин соҳа таъкид гардид.

Сафири Тоҷикистон дар  Олмон даъват ба амал овард, то ширкатҳои энергетикии Олмон  барои дар амал татбиқ намудани таклифу пешниҳодҳое, ки зимни мулоқоти сарони давлатҳои Осиёи Марказӣ ва Олмон дар қолаби С5+1 29 сентябри соли 2023 дар Берлин ироа гардиданд, иштирок намоянд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE