Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ мулоқот намуд

26 октябр дар шаҳри Бишкеки Ҷумҳурии Қирғизистон дар доираи ҷаласаи Шурои сарони ҳукуматҳои давлатҳои аъзои Созмони ҳамкории Шанхай Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Қоҳир Расулзода бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии исломии Покистон Ҷалил Аббос Ҷелонӣ мулоқот намуд.

Дар ин вохурӣ ҷонибҳо дурнамои ҳамкорӣ дар соҳаи иқтисод, тиҷорат, саноат, кишоварзӣ, бахши энергетика, махсусан ҳамкорӣ дар татбиқи лоиҳаи КАСА 1000-ро мавриди баррасӣ қарор доданд.

Дар мулоқот масъалаи фаъолмандии кори комиссияи байниҳукуматӣ, масоили марбут ба амнияти минтақа ва вазъи Афғонистони ҳамсоя низ мавриди гуфтугӯ қарор дода шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE