Баррасии ҳамкориҳои парлумонии Тоҷикистон ва Россия

1 ноябр дар Муассисаи давлатии «Кохи Ваҳдат»-и шаҳри Душанбе ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар медиҳад.

Дар кори ҷаласа аъзои Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия аз ҳарду ҷониб, намояндагони якчанд вазорату идораҳои Тоҷикистон ва Русия, кормандони дастгоҳҳои палатаҳои болоии парламентҳои ду давлат ва намояндагони воситаҳои ахбори омма иштирок доштанд.

Дар оғози ҷаласа ҳамраисони Комиссия оид ба ҳамкорӣ — муовини якуми Раиси Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷаббой Аҳмадзода ва муовини Раиси Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия Николай Журавлёв сухан гуфтанд.

Таъкид гардид, ки мулоқоту ҳамоишҳои парламентӣ, аз ҷумла ҷаласаи имрӯзаи Комиссия оид ба ҳамкории Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Шурои Федератсияи Маҷлиси Федералии Федератсияи Русия ба тавсеаи муносибатҳои ду ҷониб дар самтҳои калидии ҳамкорӣ такони тоза мебахшад.

Дар ҷараёни кори ҷаласа тибқи рӯзномаи он доир ба вазъи имрӯза ва дурнамои ҳамкории Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Федератсияи Русия дар соҳаҳои илму маориф, иқтисоду саноат, афзалияти ҳамкории тарафайн дар бахши комлекси агросаноатӣ, масъалаҳои мубрами ҳамкории минбаъдаи ду давлат дар соҳаи сайёҳӣ ва сиёсати ҷавонон, инчунин дигар масъалаҳои муҳим мубодилаи афкор доир шуд.

Аз рӯи масъалаҳои дигари рӯзномаи ҷаласа лоиҳаи Нақшаи кори Комиссия барои соли 2024, инчунин вақт ва макони баргузории ҷаласаи сенздаҳуми Комиссия баррасӣ гардид.

Вобаста ба масъалаҳои дар ҷаласаи дувоздаҳуми Комиссия баррасишуда қарорҳои дахлдор қабул шуданд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE