Имрӯз дар Душанбе намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ оғоз гардид

Аз 2 то 4 ноябр дар доираи Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон – 2023» дар Маҷмааи давлатии «Кохи Борбад» намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад. Дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта мешаванд.

Маросими расмии ифтитоҳи намоишгоҳ имрӯз 2 ноябр, соати 09:00 бо иштироки намояндагони Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, соҳибкорону тоҷирон ва меҳмонони хориҷӣ баргузор гардид.

Лоиҳаи «Тамғаи писандидаи Тоҷикистон» аз ҷумлаи намоишҳои бузургмиқёсе аст, ки давоми 10 сол тамғаҳои миллиро муайяну қадрдонӣ менамояд. Ин намоиш дар заминаи сиёсати иқтисодии Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ-Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ва Солҳои рушди саноат эълон гардидани солҳои 2022-2026 дар Тоҷикистон амалӣ гардида, мақсади он дастгирии истеҳсолкунандагони ватанӣ ва тарғиби маҳсулоти онҳо дар мамлакат ва берун аз он мебошад. Ин иқдом ба он мусоидат намуд, ки тамғаи корхонаҳо шинохта шуда, маҳсулоташон ташвиқ ва доираи харидоронашон зиёдтар гардад.

Бояд гуфт, ки ин лоиҳа аз ҷониби Оҷонсии таблиғотии «Тайрон» ва Ҷамъияти дорои масъулияти маҳдуди «Оила» соли 2013 ташкил шуда, тӯли 10 сол аст, ки дар байни соҳибкорони ватанӣ нуфуз ва эътибори баланд дорад.

Ба иттилои роҳбари лоиҳа, директори Оҷонсии таблиғотии «Тайрон» Шаҳноз Ҳамдамова, дар ин муддат чандин ширкатҳои истеҳсолкунандаи ватанӣ аллакай муаррифӣ шуда, тамғаи онҳо ҳамчун бренди боэътимод аз ҷониби харидорон шинохта ва доираи тиҷорату хизматрасониҳояшон васеъ гардид.

«Ин ширкатҳо таҷрибаи иштирок дар намоиш-фурӯшҳои калонро пайдо намуда, аллакай дар намоишгоҳҳои байналмилалӣ бренди миллии Тоҷикистонро муаррифӣ менамоянд, ки ба ғанӣ гаштани буҷаи мамлакат ва рушди иқтисоди миллӣ мусоидат менамояд», — гуфт Шаҳноз Ҳамдамова.

Дар доираи лоиҳа ҳамасола намоиш-фурӯши молу маҳсулоти ватанӣ баргузор мегардад. Ҳар сол дар он молҳои истеҳсолӣ ва хизматрасонии зиёда аз 30 ширкати ватанӣ ба намоиш гузошта мешавад. То имрӯз лоиҳа ҳудуди 300 ширкати истеҳсолкунандаи ватаниро ба харидорон муаррифӣ намудааст.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE