Дар Суди констутитусионӣ бахшида ба Рӯзи Конститутсия мизи мудаввар доир гардид

Дар толори маҷлисгоҳи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон бах­­­шида ба 29-солагии  Рӯзи Конс­титут­сия маҷлиси тантанавӣ ва мизи мудаввар бар­гузор гардид, ки дар он суд­яҳо, хизатчиёни давлатӣ ва дигар кор­мандони дастгоҳи Суди конститутсионӣ иштирок на­муданд.

Дар ҳамоиш оид ба нақш ва моҳияти ин санади таърихӣ таъкид карда шуд, ки 29 сол муқаддам мардуми шарафманди Тоҷи­кистон ба авзои бени­ҳоят му­рак­каб ва но­ороми  сиёсию иҷтимоии мам­ла­кат нигоҳ накарда, бо дарки баланди  мас­ъулиятшиносӣ ва қарзи  шаҳ­р­вандию ин­сонӣ муно­сибати худро ба тақ­дири минбаъдаи давлату мил­­лат ва бақои он иб­роз намуда, на­хус­тин Кон­с­титутсияи давлати соҳибихтиёри Тоҷикистонро қабул наму­д.

Конститутсия халқи тоҷикро қисми ҷудонашавадаи ҷомеаи ҷа­ҳонӣ ва дар пеши наслҳои гузаштаву ҳо­зира ва оянда масъул ва вазифадор эътироф намуда, мақсад ва вазифаҳои таърихии халқи тоҷикро  бунёди ҷомеаи адолат­парвар эълон на­муд.

Ҳамчунин оид ба ди­гар ҷанбаҳои таърихию сиёсии Конститутсия ибрози андеша карда шуда, фарҳанги конс­титутсионӣ ва баланд бардоштани сатҳи шуури ҳуқуқӣ дар ҷомеа асоси татбиқи Конститутсия номида шуд.

Дар фарҷом ба ду судяи Суди конститутсионӣ ва 4 кор­манди Суди конститустионӣ барои кори пурсамар ва фаъолияти содиқона барои ҳи­мояи таъмини кафолатҳои конститутсионии шаҳрвандон бахшида ба 29-солагии Рӯзи Конститутсия Ифтихорномаи Раиси Су­ди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон тақдим карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE