«МУРАББИИ СОЛИ ТОҶИКИСТОН-2022». Дар Душанбе озмуни ҷумҳуриявӣ оғоз гардид

Дар шаҳри Душанбе Озмуни ҷумҳуриявии «Мураббии соли Тоҷикистон-2022» оғоз гардид. Даври ҷумҳуриявии озмун 3 рӯз давом намуда, дар он мураббияҳои муассисаи таҳсилоти томактабии хусусии «Оиша»-и ноҳияи Восеъ Озодамо Қодирзода, муассисаи таҳсилоти томактабии №2-и шаҳри Хоруғ Маҳина Мамадодиева,  муассисаи таҳсилоти томактабии №5-и шаҳри Гулистон Муҳаррам Набизода, муассисаи таҳсилоти томактабии №72-и шаҳри Душанбе Малика Саидова ва  муассисаи таҳсилоти томактабии №1-и шаҳри Ваҳдат Ҳамида Шарипова миёни ҳам маҳорат месанҷанд, иттилоъ доданд дар маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон.

Озмун аз рӯйи 6 шарт: муаррифии фаъолияти педагогӣ, дониш ва маҳорати касбии мураббия, мизи мудаввар, машғулияти таълимӣ, тасвир намудан ва сохтани манзара бо дархости ҳайати доварон ва таҳлили ҳолатҳои равонӣ сурат мегирад.

Озмуни мазкур  дар асоси Низомномаи озмуни «Мураббии соли Тоҷикистон», ки он  28 феврали соли 2022 аз ҷониби ҳайати мушовараи Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон тасдиқ гардидааст, баргузор мешавад.

  Мақсад аз гузаронидани озмуни мазкур баланд бардоштани мақом ва сатҳу сифати таҳсилоти томактабӣ, нишон додани мавқеъ ва маҳорати мураббиён дар пешрафти ҷомеаи кунунӣ, табодули таҷриба ва ҳавасмандгардонии онҳо ба шумор меравад.

АКС: Маркази матбуоти Вазорати маориф ва илми Ҷумҳурии Тоҷикистон

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE