Намояндагони СҲШ ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамиро баррасӣ карданд

13 май таҳти раёсати ҷониби Ҳиндустон дар шакли видеоконфронс маҷлиси роҳбарони вазорату идораҳои давлатҳои аъзои СҲШ, ки ба рушди технологияҳои иттилоотӣ- коммуникатсионӣ масъул мебошанд, баргузор гардид. Дар ин хусус АМИТ «Ховар» бо истинод ба котиботи СҲШ дар Пекин иттилоъ медиҳад.

Маҷмуи васеи масъалаҳои ҳамкорӣ дар соҳаи рушди рақамӣ, таъмини амнияти иттилоотӣ, истифодаи зеҳни сунъӣ, оптимизатсияи муҳити «digital», ҳифзи экосистемаҳои IT, зарурати ҷорӣ намудани системаи коркарди маълумот ва ҳоказо баррасӣ шуд.

Фаҳмиши умумӣ дар бораи судманд будани табодули мунтазами таҷриба дар ин самт дар доираи Созмон, аз ҷумла оид ба рушди инфрасохтори рақамии ҷамъиятӣ муқаррар карда шуд.

WP Radio
WP Radio
OFFLINE LIVE